Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

модар тифли дар гаҳвора бударо хоб бурд. Зан бори дигар ба соати рӯймизи нигарист, ки ақрабаки он ба 24 наздик мешуд.
Ӯ нав рӯйи бистар дароз кашида буд, ки занги дар садо дод. Зан нӯг-нӯги пой пушти дар омад ва аз чашмаки он ба берун назар кард. Дар рӯшноии чароғи барқӣ майдончаи ошёнаи дуюм шавҳарро пушти дар дид, калидро ба самти чап тоб дод.
-Гутентак21.
-Салом, хайрият ёди хона ҳам мекардед.
-Ман дар ин бора тариқи телефон худатро огоҳ намуда будам, - гуфт шавҳар ва пой ба остона гузошт.
-Чӣ фанди зебое.
Ӯ ба хона гузашта Расулро дар гаҳвора хабар гирифт ва сипас ба ҳамсараш фармуд, ки чой монад.
-Иштиҳои шуморо дида, ҳаваси кас меояд ё милисаҳо ҳамааш ҳамин хел? - бо табассуми зебое пурсид зан.
-Чӣ хел?
-Охир дар ин нисфи шаб...
-Мо як умр дар хизматем ва на ҳамеша дар вақташ имкони тановул намуданро дорем.
-Майлаш ба ошхона биё, ки Расул бедор нашавад.
-Боке нест, ҳамроҳаш суҳбат мекунем.
-Соате пас ӯ худаш бедор мешавад ва худат медонию суҳбат намуданат, вале дониста бош, ки ман ба суҳбати шумо ҳамроҳ намешавам.
-Чаро?
-Чунки хоб шудан мехоҳам, се шаби дигар бо писарат суҳбат намудам, имшаб бошад ҳардуятон суҳбат намоед!
Суҳбати мардона...
Ба дерии вақт нигоҳ накарда онҳо сари дастурхон хеле суҳбат намуданд.
-Лаҳзае пеш аз омаданат аз болоят ба писарат шикоят намудам.
-Расул чӣ гуфт?
-Хандид.
-Ба ҳоли падар?
“Рӯзатон хуш бод!”- бо забони олмонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо