Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Таҳқиқи ибтидоиро ба сомон расониданатон лозим мешавад, ва дар муҳлати муқарраршуда онро ба шуъбаи тафтишотӣ медиҳем.
    -Ҳамаи инро, рафиқ полковник, ба ҳамон хотир мегӯям, ки тайи ду-се рӯзи охир мо дар атрофи парвандаи Исроил Фотеҳ ягон амали ҷустуҷӯиро ба сомон нарасонидаем.
  • Чун ин ҳодиса бозёфти шумост, дар мадди аввал мо бояд худамон нисбати боздоштшуда таваҷҷуҳ намоем ва бубинем.
    ки ӯ дар ҳодисаи ба сараш омада аз кӣ домонгир аст ва чун бехатарии Рураро муайян намоем, пас ягон фикр мекунем.
    Фардо боз як маротиба бо Ормон Файз ҳамсуҳбат шуданатон лозим ва сипас бо ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба назди ман ва агар маводҳо кофӣ бошанд, ман онро барои оғози парвандаи ҷиноӣ ба муфаттиш Зоғов медиҳам, вале қисмати онро дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ бошад, бубахшед, ки...
    -Хуб шудааст.
    -Ҳоло соат 23 ва агар ба хона рафтанӣ бошед, чӣ хуб, вагарна ман меравам, - гӯён Дастам Қосим аз курсӣ бархест.
    -Маро ҳам рафтанам лозим, се шаб боз дар хона набудам.
    -Набошад, шитоб кун!
    Сорбони Ҳомид ба дафтари кориаш баромада, ҷузвдони коғазинро болои мизи кориаш гузошта, дарро маҳкам намуда, боз ба ошёнаи якум фаромад. Сарвари милиса, ки бо навбатдор сари суҳбат қарор дошт, баробари ӯро дидан бо навбатдор хайрухуш намуда, ба тарафи ӯ нигариста “рафтем” гуфт ва ҳарду дар як вақт аз бино баромада, ба мошини хизматии сардор нишастанд...

Гар набошӣ як нафас, ин хона бар ман хона нест,
20 Гарчӣ месӯзад чароғам, нур дар кошона нест.

Умеда тайи се рӯзи охир як маротиба бо шавҳар гуфтугӯи
телефонӣ дошт ва имшаб ҳам аз роҳпоӣ умедашро канда, рози
дили хешро бо суруде ба Расул гуфт. Ниҳоят дар зери аллаи

Шеър аз Танзиля Зумақуловна дар тарҷумаи С.Маъмур.

пешина
аз 441
навбатӣ