Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ хел наомадаанд? Дирӯз рухсатии меҳнатиашон ба охир расид ва бояд ин субҳ ба кор мебаромаданд.
-Ҳоло то оғози кор вақт ҳаст, эҳтимол биёяд.
-Набошад, Сорбони Ҳомидро назди ман фиристед!
-Он кас ҳам нестанд.
-Инаш нест, ваяш нест, пас дар ин идора кӣ кор мекунад? - гуфт сарвари милиса ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Сипас, ӯ блокноти махсусеро бароварда, бо ҳарфҳои хоно дар як гӯшаи он навишт: “Махфӣ. Дар як варақ...” Чун ӯ дар бораи рафти амалиёт ва нақшаю чорабиниҳои иловагӣ оид ба анҷоми амалиёти “Мудир” дар блокнот фикру андешаҳои хешро ба қалам дод, котибаро наздаш хонда, блокнотро барои чоп намудани маълумотнома ба дасташ дода, боз даст ба гӯшаки телефон бурда Тоҳир Солеҳро наздаш хонд.
Чун Тоҳир Солеҳ омад, сардори милиса ба вай супориш дод, ки ҳама он парвандаҳои оперативӣ - ҷустуҷӯие (ОПД), ки гиреҳе барои кушодашавиашон ҳаст, рӯйхат намуда биёрад.
-Хуб шудааст.
-Соате пештар Некрӯз Низом занг зада, аз натиҷаи парвандаи Исроил Фотеҳ пурсон шуд. Шумо бошед, як маллоҳро ёфта наметавонед.
-То ҳанӯз аз як деҳаи дигар, ки номи Гулзорро дорад, ҷавоб нагирифтаем.
-Гумон доред, ки...
-Ҳар кор шуданаш мумкин. Маълумотҳои дар атрофи ҳамон маҳал гирдовардаамон аз душвории роҳ, набудани низоми муайяни нақлиётӣ ва алоқаи телефонӣ шаҳодат медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳамин душвориҳо барои ҷавоб додан ба хабарномаи мо монеа нашуда бошанд.
-Ба ман гӯед, ки дар он маҳал милиса ҳаст?
-Ҳа бахши милиса ҳаст.
-Ҳасту...
-Чӣ хеле гуфтам, ба он ҷо аҳён-аҳён мошин меравад.
-Агар дил хоҳад, аз чашми кӯр ҳам ашк меравад ва наход фиристодани ҷавоби як хабарнома чунин душвор бошад.

пешина
аз 441
навбатӣ