Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Рафиқ полковник, бояд иқрор шавам, ки нагирифтани ҷавоб аз ҳамин деҳаи дурдасту мушкилгузар шуълаи умедро дар замири мо фурӯзон нигоҳ доштааст.
-Оё гуфтан намехоҳед, маллоҳе, ки мо ҷустуҷӯяш дорем, дар ҳамин деҳаи мушкилгузар пинҳон шудааст?
-Пинҳон шудааст ё не намедонам, вале то омадани номаи ҷавобӣ ба хабарномаамон шуълаи умедро дар қалбамон фурӯзон медорем.
-Ин хуб аст, ки шумо чунин андеша доред ва акнун ҳамроҳи муфаттиш Зоғов (рафту агар ӯ имрӯз ба кор баромада бошад) ва Сорбони Ҳомид нақшаю чорабиниҳои тафтишотию ҷустуҷуиро дар атрофи парвандаи Ормон Файз тартиб диҳед!
Акнун вақти он расидааст, ки мо дар тамоми фронт ба муқобили нашъаҷаллобон ба ҳуҷум гузарем.
Баъди рафтани Тоҳир Солеҳ сардори ШКД чанд дақиқа сари масъалаи ҳуҷуми дар пеш истода дар ин самти фронт андеша намуда, ба хулосае омад, ки тафсири хабарҳои аз “Весовшик” гирифтаро ба зиммаи Ормон Файз гузоранд. Оид ба ин амал ӯ дар дафтари қайдҳояш баъзе ҳолатҳоро сабт намуда, аз ҷой бархест...


-Собир!
-Лаббай.
-Ту ҳоло ҳам нарафтаӣ?
-Рафта омадам.
-Ду-се моҳ сабр карда натавонистӣ?
-Натавонистам.
-Сабаби омаданатро нафаҳмидам?
-Бе пул дигар чӣ мекардам?
-О ту ҳиссаатро гирифтӣ, боз чӣ мехоҳӣ?
-Ҳамааш харҷ шуд, барои ҳамин омадам.
-Сесад доллар дар байни чордаҳ рӯз?
-Ҳа.
-Ман ба ту ёрӣ дода наметавонам.
-Чӣ хел?

пешина
аз 441
навбатӣ