Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мешаванд, албатта, гӯшрас менамоянд: -“Рахш дар таги пойи худам налангад...”
-Рахш дар таги пойи худам налангад,-қариб бо овози нимшунаво гуфт Карими Кабир ва ҳамоно ба атроф нигарист ва мардуми роҳгузарро аз худ каме дуртар дида суръати ҳаракаташро баландтар намуд. Ӯ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро нисбати духтаре, ки на беш аз панҷ дақиқа ҳамроҳаш суҳбат намудааст, ин қадар андеша меронад, ҳол он ки тайи чанд рӯзи дар шаҳр буданаш чандин духтарон бо ҳар баҳона бо вай ҳамсуҳбат шуда, қариб изҳори муҳаббат намуда буданд...
Вале Зулайхо...
Бе калому бе салом бо як нигоҳ дар дили ӯ ҷо гирифт...


Бархилофи мичман Карими Кабир рӯзи охирини дар Душанбе будан ҷавонзани ба ҷанозаи амакаш омада аз хона набаромад. Вохӯрии ӯ бо “мири шаҳр” соати 12-и рӯзи 5 ноябр таъин шуда буд. Онҳо бояд дар қаҳвахонаи “Сарез” вомехӯрданд. Ҳарчанд Григорий Хурамович вохӯрӣ дар қаҳвахонаҳоро хуш надошт, вале дар интиҳо барои вохӯрӣ дар “Сарез” розӣ шуд. Тайёра бояд соати 18 аз Душанбе парвоз мекард ва барои ин лозим меомад, ки мусофирон ду соат пеш ба фурудгоҳ ҳозир шаванд. Бо назардошти ба нақша гирифтани вақт Зулайхо имкони пурра дошт, ки баъди вохӯрӣ бо Хуморов ба хонаи амакаш омада, хайрухуш намояд ва аз он ҷо ба бозори Шоҳмансур даромада, барои ёру дӯстон кам-кам намудҳои гуногуни хушкмева гирифта, ба фурудгоҳ равад.
Маҳз барои ҳамин ӯ имрӯз аз хона набаромад.
Ҷавонзан вохӯрии охирини хешро бо Тоҳир Солеҳ ба ёд оварда, ба хулосае омад, ки милиса ҳам чун детективҳои хусусии Хуморов дар нимароҳ мондааст. Ба чунин хулоса омадани ҷавонзанро сабаб он буд, ки милиса дар ёфтани мичман низ натиҷае ба даст оварда натавонист, ҳол он ки инсон дар чунин либос дар ин диёри офтобруя, ки Флоти Баҳрӣ надорад, одами аз сайёраи дигар омадаро мемонад ва албатта, мардум нисбати ӯ ва либосаш, ки дар танаш ниҳоят шинам буд, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

пешина
аз 441
навбатӣ