Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

чашмони ҷаззоби духтар дур намешуд. То ҳанӯз суханони он духтари резапайкар “мо дар ин ҷо аз мардикоре беш нестем ва агар дер монам, маро аз кор пеш мекунанд” чун путк дар гӯшаш садо медоду садо...
Суханони ин субҳ дар сари дастурхон гуфтаи тағояш Давлат ва ҳамсари ӯ Муҳайё аз нав дафтари хотироташро варақгардон намуд ва мавҷи хаёлоташ ба дуриҳои дур парвоз кард. Ӯ боз Зулайхоро пеши назар овард...
Зулайхои зани Азизи Мисрро не, албатта... Зулайхои дар пеши фурудгоҳи Домодедово дидаашро.
“То куҷо зан чунин зебо мешудааст,” аз дил гузаронд ӯ.
Дар зоҳир Зулайхо чун парӣ буд, вале ботини ӯро Худо медонист, мисли оне, ки Азизи Миср ботини ҳамсараш Зулайхоро нафаҳмид, ки нафаҳмид. Дар нисбати Азизи Миср, ки вазири як давлати калон буд, ӯ мақому мартабае надорад, вале чун Зулайхо дар ҳусну малоҳат касеро то кунун вонахӯрда ва ё шояд ин ҳама аз рӯйи муҳаббат буд, ки симои ҷавонзани муҳоҷирро чун симои Лайлӣ ҳамчун Қайс дигарбора пеши назар овард.
Мичман Карими Кабир ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чаро Зулайхо бо чунин ҳусну малоҳати Худодод ба ҷойи ба шавҳар баромадану оила бунёд намудан аз Ватан фирорӣ шуда, шуғли мардикориро пеша намудааст. Тайи рӯзҳои дар Ватан будан ӯ дар суҳбат бо ҳамдиёрон фаҳмид, ки дар он солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар ҳамдиёрон мақоли халқии “Ватан он ҷост, ки озораш набошад, касеро бо касе кораш набошад”- ро шиори хеш қарор дода, чун фирорӣ ба кишварҳои амну салоҳ рафтанд.
Тайи садсолаҳо дар атрофи бунёди оила андешаҳо мухталиф буданд, ҳастанд ва хоханд монд. Бархе бар он назаранд, ки модар чӣ гуна, духтар намуна. Зиндагӣ чун шебу фарозиҳои хешро дорад, баъзан фарзандони инсонҳои наҷиб ҳам ба хато роҳ медиҳанд ва чунин амалҳо дар забони мардум каломи “ҳаромзода бувад фарзанди эшон” – ро ба бор овард, вале дар аксар мавридҳо ошиқон барои ҳимояи нангу номуси нигори хеш ва собит намудани муҳаббат ба падару модар, ки ба гапи бадгӯе дода шуда, монеаи издивоҷи фарзанд

пешина
аз 441
навбатӣ