Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳоло ӯ дар куҷо бошад?
-Фарҳод?
-Не, Карим.
-Ки медонад.
-Ман ҳам намедонам, эй кош ӯро медидам?”


-Оҳҳо, киро мебинам? Ин хору хасро аз роҳатон кӣ гирифт? Хайрият боре ҳам ёди мо мекардед, - аз курсӣ ба истиқболи меҳмон бархеста гуфт прокурор.
-Абдулваҳҳоб Наботович, агар медонистам...
-О гап занед, чаро суханатонро дуздидед?
-Агар медонистам, ки пеши даратон симхор гузоштаед, асло намеомадам.
-О симхорро баҳри дигарон гузоштаем, барои шумо на танҳо ин дар, балки дари дили мо ҳамеша кушода.
-О вай котибаатон намонд.
-Чӣ ягон гапи пасту баланд гуфт?
-Не ҳеҷ чиз нагуфт, фақат илтиҷо кард, ки ӯро ба бало намонам.
-Ин котибаҳо дар ҳама ҷо ҳамин хел ва агар ба онҳо овардани салларо амр диҳед, онҳо салларо бо калла якҷоя ба наздат меоранд, ё котибаи шумо чунин нест?
-Яку сифр ба фоидаи шумо ва худатон аз ман беҳтар медонед, ки мардум аз бекорагӣ ҳама сарсону саргардонанд ва чӣ тавр котиба метавонад ҷойи гарми хешро дар чунин як шароити мушкил аз даст диҳад.
-Боварам намеояд, ки суханонро аз забони раис ва боз раиси суд мешунавам. Марҳамат гузаред, раис, - гӯён прокурор курсиеро ба меҳмон нишон дода, худаш ба курсии дигар дар муқобили эшон нишаст.
-Абдулваҳҳоб Наботович, ҳақиқат талх аст, вале шуниданаш аз манфиат холӣ нест.
-Чиро дар назар доред?
-Ҳамин хел дар омади гап гуфтам, чунки ману шумо ҳуқуқи маънавӣ надорем ба доғҳои замона, ки бекорӣ низ яке аз онҳост, аз паси панҷа нигарем.

пешина
аз 441
навбатӣ