Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳаминаш намерасид, ки мо ҳарду ҷанҷол намоем.
-Чаро ҷанҷол мекардем?
-Чӣ хубе ки чунин андеша шуморо дар сар набудааст, - гӯён прокурор аз ҷой бархеста, лаҳзае сари мизи кориаш гузашт ва ӯ ҳанӯз имкони омада ба ҷой аввалааш нишастан наёфта буд, ки котиба пушти дар рост шуд.
-Луъбатхон як чой биёред.
-Ташвиш накашед, ман ҳамин хел як сари қадам даромадам.
-Омадан бо иродату...
-Чӣ илоҷ?
-Садқаи инсони аҳли фаҳм шавам, чӣ гуфтӣ, Луъбатхон?
Котиба табассуми зебое намуда бадар рафт.
-Духтараки зебо.
-Шумо бошед аз вай хафа шудед.
-Ҳаргиз чунин набуд ва чаро ман аз вай хафа мешудам?
-Охир гуфтед, ки пеши дарро симхор гирифтам.
-Гуфтам.
-Агар ман ба ҷой шумо мебудам, соатҳо пеши ҳамин симхор меистодам.
-Синну соли ман то ба ҷое расидагӣ ва пеши чунин симхорҳо бигузор ҷавонон онҳое, ки нияти оила бунёд намудан доранд, нишинанд...
Котиба болои лаълӣ як чойник чой ва ду пиёла гирифта, вориди дафтари кории прокурор шуд. Сипас аз ҷевони хориҷие, ки дар як кунҷи ин дафтари барҳаво меистод, чанд лаълича хушкмева ва шириниҳо оварда, болои миз гузошта рухсат пурсида аз дар берун шуд.
-Гӯшам ба шумо, Илҳом Бобохонович, - пиёлаи чойро ба тарафи меҳмон дароз намуда гуфт прокурор.
-Аз рӯйи шунидам, дар шумо як-ду ваканти муфаттиш холист.
-Холӣ ҳам набошад, баҳри шумо як вакант меёбем, чӣ ҷиян донишгоҳро хатм кард?
-Не, писари ҳамсоя. Рости гап падару модараш базӯр зиндагиашонро пеш мебаранд ва дар чунин шароит рӯзона хондани он кас душвор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо