Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агар ягон илоҷ намуда, вайро ба кор мегирифтед, ба шуъбаи ғоибона мегузашт.
-Он кас дар курси чандум мехонад?
-Дар курси чорум.
-Чӣ як соли дигар имконияти хондан надорад?
-Надорад.
-Чӣ гӯям, Илҳом Бобохонович, худатон нағз медонед, ки кадрҳоро Раёсати кадрҳои прокуратураи генералӣ қабул мекунад ва дар ин ҷода мо дасткӯтоҳем.
-О лаҳзае пеш гуфтед, ки вакант пайдо мекунем.
-Гуфтам ва агар ҷиян худаш мешуд, ба хотири Шумо то пеши калон ҳам мерафтам.
-Ҳоло чӣ?
-Бубахшед охир барои ҳамсоя шуда.
-Чӣ илоҷ, ки вақтатонро гирифтам, - гӯён Раҷабов аз ҷой бархест...
Новобаста аз он ки ҳайати шахси РКД 3-юм ва 4-уми ноябр дар ҳолати хизмати пурзӯр қарор доштанд, подполковники милиса Қамариддин Сафаров илоҷи воқеаро ҳам ёфт. Ӯ назди сардори бахши муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ даромада хоҳиш кард, ки агар илоҷаш бошад, дар китоби наряд номашро дар кӯчаҳои атрофи театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ нависад. Чун аз рӯйи унвон ӯ сардори гурӯҳ ҳисоб мешуд, капитани милиса Аҳмадов ва лейтенанти милиса Шоасаловро дар кӯча монда, соати 1858дақиқа барои фаҳмидани ҳолати тартиботи ҷамъияти ба дохили тарабхонаи “Помир” ҳаракат кард...
Аз он ки Григорий Хуррамович ҳатто саломашро алейк нагирифт, худро хеле ноҳинҷор ҳис намуд. Хайрият Аҳмадов ва Шоасалов ин лаҳзаро надиданд. Сафаров дар ҳамин лаҳза худро залилу музтар дид ва агар замин мекафиду ӯро ба комаш фурӯ мебурд, осонтар буд. Рафту агар ӯ муттаҳами чор танга қарздор намешуд, нафари дар рӯ ба рӯяш нишастаро, ки ҳашт соли умри бобаракаташро дар паси панҷара сипарӣ намуда буд, бе ягон истиҳола ба зери мушту лагад мегирифт ва боз ӯро дар муқобилият намудан ба корманди милиса гунаҳкор менамуд, вале нафси бад аллакай корашро карда буд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо