Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бубахшед, Григорий Хуррамович.
-Ҳарчанд ту “қарзатро” дар назди синдикат иҷро накардӣ, вале роҳбаряти синдикат ба ту боз як имконият медиҳад...
-Ман барои иҷрои ҳама гуна супориш тайёр.
-Аввал андеша намо!
-Гуфтам ман ба ҳама супориш тайёр.
-Ана ин ду ҳазор доллар аванс.
-Рафту аз уҳдаи кор набароям-чӣ?
-О, ту чӣ хел марди, ки дар қавлат истода наметавонӣ?
-Охир ман намедонам он чӣ корест.
-Пулро ба кисаат андоз!
Сафаров, ки на як бору ду бор чунин ширинкомаҳо гирифта буд, долларҳоро ба киссааш андохта, мунтазири фармони навбатӣ шуд.
-Панҷоҳ фоизи боқимондаашро баъди иҷрои амалиёт мегиред.
-Ман розӣ, гап занед, чӣ кор кунам, раис?
-Нафареро ба он дунё фиристодан лозим.
-Не, не, ман наметавонам охир ин ҷиноят аст.
-Пора гирифтан ҷиноят нест?
-То ҷое, ки имконият буд, ман ба шумо хизмат кардам.
-Ана ин кассетаро бурда дар меҳмонхона танҳо тамошо кунед!
-Ин чӣ хел кассета?
-Дар бораи фаъолияти кории худат.
-Чӣ хел фаъолияти корӣ?
-Тамошо кунед, ҳамаашро мефаҳмед.
-Не, ҳаминаш намерасид, ки ман ба куштор даст занам.
-Оҳистатар, ман кар нестам.
-Не, намешавад.
-Телба нашавед, ана калид, онро гирифта ба ҳуҷраи меҳмонхона равед, ҳамон ҷо видео ҳаст, кассетаро тамошо кунед ва пас биёед суҳбат мекунем1
-Ҳуҷраи чанд?
-Рақами ҳуҷра дар калид сабт шудааст.
-Ба гумон аст, ки пас аз тамошои кассета ман ба кори пешниҳод намудаатон розӣ шавам.

пешина
аз 441
навбатӣ