Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Пешакӣ хулоса набароред, пас суҳбат мекунем.
-Шумо ҳамин ҷо мешавед?
-Бале, акнун равед!
Сафаров кассетаро гирифта берун баромад. Аҳмадов ва Шоасалов ба тарафи бинои театри опера ва балети ба номи Айнӣ қадам мезаданд. Ӯ ҳамон хел ноаён ба меҳмонхона даромада, ба тарафи ҳуҷрае, ки рақамаш дар калид сабт шуда буд, ҳаракат кард. Чун вориди ҳуҷра шуд, дарро аз дарун маҳкам намуда, кассетаро ба видео гузошта, пултро ба даст гирифта тугмачаашро зер кард...
Сорбони Ҳомид, ки имрӯз як маротиба аз сардори ШКД барои ба кор дер омаданаш танбеҳ гирифта буд, тамоми рӯз аз дафтари кориаш берун набаромад. Баъди нисфирӯзӣ ӯ гузорише навишта, тамоми маводҳои гирдовардаашро дар атрофи фаъолияти мудири анбори синдикат оид ба хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир Ормон Файз ба дасти муфаттиш Зоғов, ки худи ҳамон рӯз аз рухсатии меҳнатӣ баргашта буд, супорид. Сипас бо супориши сардори ШКД дар асоси хабарҳои оперативӣ ва маълумотномаҳо, ки то ба ҳамон лаҳзаи пурсиши мудири анбор ва ронанда ба даст омада буд ва нақшаю чорабиниҳоро барои ҷамъбасти амалиёти МАК 199... тартиб дода, барои тасдиқ ба назди Дастам Қосим бурд.
Онҳо ҳар як банди нақшаю чорабиниҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои ҳалли онро аз нигоҳи хеш баён намуданд. Чун дар рафти муҳокимарониҳо тарафҳо ба мувофиқа омада натавонистанд, дар маҷмуъ нақшаи мазкур барои гузаронидани амалиёти “Дастгиркунии табааҳои поёнии синдикат оид ба харид, фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир” ба муҳокимаи маҷлиси гурӯҳи оперативӣ мононда шуд.
-Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд ва агар чунин аст, соати 20 ҳама якҷоя боз сари ҳамин масъала бармегардем ё шумо ҷонибдори ба муҳокимаи умум гузоштани андешаҳоятон нестед?
-Баръакс, ман тарафдор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо