Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Рафту то имрӯз ман дар асоси супориши идора бо шумо ҳамкорӣ намуда бошам-чӣ?
-Супориш барои пешравии кори идораатон ва ё барои шикаст додани амалиётҳои ба нақшагирифтаи идора. Шукр гӯед, ки то ҳанӯз дар бораи амалҳои пасипардагиатон касе хабар надорад.
Подполковник Қамариддин Сафаров чӣ гуфтанашро намедонист. Дигар чӣ ҳам мегуфт, модоме ки синдикат ҳар як амали ғайриқонуниашро ба навор гирифтааст ва барои ба паси панҷара фиристодани ӯ кофист, ки синдикат нусхаи кассетаро ба номи роҳбари идора ва ё прокуратура фиристад. Дигар касе бо вай хола-хола карда наменишинад ва акнун ӯ дар сари дуроҳае мондааст, ки онро ё ва ё ном аст...
-Хуш...
-Чӣ гӯям?
-Ҳар чӣ дилат хоҳад.
-Ба гумон аст, ки ман аз уҳдаи ин кор бароям.
-Мебароед ва боз чӣ хел.
-Шумо худатон аз ман беҳтар медонед, ки ИВС дар зери назорати қатъист ва касе вориди он ҷо шуда наметавонад.
Ба замми ин, ман ягон нафарро аз ШКД ноҳияи Сарчашма намешиносам.
-Инаш боз беҳтар.
-Чӣ хел?
-Гумон доред, ки мо дар ин бора фикр накардем ва ҳамин хел рӯйрост худатро ба ҳуҷуме, ки натиҷааш маълум нест, тела медиҳем?
-Бе гумон ҳам ҳамин хел аст.
-Хато мекунед, Қамариддин Сафарович.
-Чӣ хел?
-Ҳамин хел одӣ. Шумо гумон доред, кассетае, ки лаҳзае пеш тамошо намудед, бо амри мо сабт шудааст?
-Дигар бо амри кӣ мешуд?
-Ин аз тарафи шумо хатои маҳз ва баҳо надодан ба асли рӯйдодҳост. Ба бахти ҳамаи мо, ки аз лаҳзаи аввали дастгиркунии мудир мо огоҳӣ ёфта, анбори ӯро таку рӯ намудем ва зиёда аз бист чунин кассетаҳо ёфтем, ки ҳар кадоме аз онҳо дар бораи фаъолияти шахсиятҳои алоҳидаи ба синдикат дар алоқа бударо ошкор месозад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо