Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар бораи “Весовшик” ягон хабар ҳаст?
-Нест.
-Шояд вай ба ёрии мо эҳтиёҷ дошта бошад?
-Ба гумон аст.
-Хеле хуб шуд, ки “Весовшик” паси парда монд.
-Ин ҳам ба бахти мо.
-Шояд ёру дӯстони дар озодимондаи Ормон Файз аллакай бо ӯ вохӯрда бошанд?
-Баъди чунин шикаст ба гумон аст, онҳо ёди ёвари мудири анбор намоянд.
-Ин хомӯшӣ ҳамааш муваққатист ва, албатта, онҳо ба суроғи эшон мебароянд.
-Аҷаб нест.
-Майлаш то соати 20 корҳои дигаратонро бинед, пас ҳама якҷоя боз сари ин масъала бармегардем.


-Тамошои кассета маъқул шуд?
-То кадом андоза инсони паст будани шуморо акнун фаҳмидам.
-Марҳамат гузашта шинед, курсиеро нишон дода гуфт Хуморов, - бори дигар ёдрас мешавам, ки ман кар нестам, ба замми ин фаромӯш насозед, ки девор муш ва муш гӯш дорад.
Не мне Вас учить.
-Аз ман чӣ мехоҳед?
-Ман аллакай дар доираи умумӣ чӣ кор намуданатонро гуфтам.
-Киро?
-Ҳамоне ки ба шумо пора дода, боз амали хешро сабт намудааст.
-Ормон...
-Бале.
-Оё шумо наметарсед, ки ин гуфтугӯйро ман дар диктафон сабт накунам?
-Чаро ман метарсидам, модоме ки мансабу вазифае надорам ва ин шумоед, ки нону намаки давлатро хӯрда, ба намакдонаш туф намудед.

пешина
аз 441
навбатӣ