Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Илтиҷои Зулайхо сабаб гардидаву Суман ба тарафи онҳо тоб хӯрда, ба рӯйи ҷавон торсакии обдоре фаровард...
-О, кори ту чӣ? - ба сари дугонааш дод зада гуфт Зулайхо ва чашмонашро кушод...
Ҳама дар оғӯши зӯлмот буд ва ниҳоят Зулайхо дар куҷо буданашро ба ёд оварда, дилаш гум зад...
-Афсӯс, ҳамааш дар хоб будааст, - зери лаб гуфт ӯ ва баъди андешаҳои зиёде боз илова намуд:
-Чӣ хоби зебое...


Киштӣ аз соҳил хеле дур рафт.
Дар замоне, ки дигар аз замин нишонае ба чашм намерасид, маллоҳе ба кубрики (ҳуҷраҳои киштиро чунин ном мебаранд) мичман омада хабар дод, ки бонуе ӯро мепурсад.
-Чӣ? Чӣ хелӣ бону? Ақлат дар ҷояш, дар киштии ҳарбӣ бону чӣ тавр пайдо шуд?
-Чӣ хел, чӣ хел бону ё рафиқ мичман аз хотир баровардаед, кӣ бону чӣ хел мешавад? - сабаби дар киштии ҳарбӣ чӣ хел пайдо шуданашро ман напурсидам.
-Ҳоло вай дар куҷо?
-Дар палуба (саҳни киштӣ).
-Яроқат канӣ?
-Дар дасти ҳамон кас.
-Дар дасти кӣ?
-Дар дасти ҳамон бонуе, ки шуморо пурсид.
-Чаро яроқатро бархилофи оинномаи ҳарбӣ ба вай додӣ?
Магар аз трибунали ҳарбӣ наметарсӣ?
-Ман яроқро додам, вале метарсам, ки шумо рафиқ мичман ҳамаи киштиро ба вай насупоред.
-Андешаҳои ботилро аз саратон дур созед.
-Рафиқ мичман, метарсам, ки баъди дидани он чашмони шаҳло шумо худ андешаҳоятонро дигар накунед.
-Шумо русҳоро фаҳмидан душвор.

пешина
аз 441
навбатӣ