Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Магар русҳо барои як холи ҳинду ду шаҳри қадимаи дунёро бахшиданд?30
-Майлаш ба дидбонгоҳ рав, ман ҳозир.
-Итоат.
Чун маллоҳ аз кубрик берун шуд, мичман Карими Кабир сару либоси хешро ба тартиб оварда, ба саҳни киштӣ баромад ва дид, ки маллоҳ яроқ дар даст дар ҳифзи ҳудудҳои баҳрӣ камар баста.
-Канӣ вай ?
-Ман ин ҷо, - нидо омад аз баҳр.
Мичман аз саҳни кишти нигоҳашро ба самти овоз равона кард ва бо мушкилоте бонуеро саргарми оббозӣ дид.
-Зулайхо, ин туйӣ?
-Чӣ хеле мебинӣ.
-Туро ба ин ҷо кӣ овард?
-Муҳаббат.
-Пас чаро худро ба баҳр партофтӣ?
-Хостам муҳаббати туро бинам. Илтимос маро наҷот деҳ, вагарна дигар тобу тавони шинокунӣ надорам.
Мичман бе ягон истиҳола аз саҳни кишти худро ба баҳр партофт ва тайи лаҳзаҳое, ки мичман сарозер аз саҳни киштӣ ба поён омад, мавҷи баҳр ба як такон Зулайхоро аз паҳлуи киштӣ хеле дур партофт ва дар ин баҳри бекарона яке дар талош ҳаёт дастак мезаду дигаре дар талоши муҳаббат...


Аз он чӣ ки тафтишот тайи як шабонарӯзи охир Ормон
Файзро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода буд, худи боздоштшуда низ
ҳайрон шуд. Чун посе аз шаб гузашту касе ӯро ба ёд наовард,
вай худ ба таҳлили рафти ҳодисаҳо пардохт. Замоне, ки кули
сокинони диёр дар хоби ноз буданд, дар байни чор девори
бетонӣ, дар зери шуои чароғаки барқӣ, ки аз пушти панҷараи
болои дар вориди он хоначаи сард мешуд, ӯ саҳнаи боздошти
хешро рӯйи мизони вақт гузошт. Рафту агар ҳамон
тирпарронӣ аз қафои Эрик намешуд, метавон ҳодисаро

Ишора бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ.

пешина
аз 441
навбатӣ