Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ӯ мондагии зиёдеро ҳис намуд, вале хобаш набурд. Суҳбати ҳамагӣ ду-се соат пеш бо Хуморов доштаашро ба ёд оварда, қалбаш фишурда шуд. Ӯ аслан шахси болои кӯҳи азим роҳгумзадаеро мемонд, ки гирдбоди хурд ва ё садои на чандон баланде ҳам метавонист мувозинатро дар ҳаракатҳояш халалдор сохта, ӯро сарозер ба поён барад. Чун нафари ба зер рафта истода дар талвосаи ҷон даст ба санге мебарад, санги беҷошуда боз даҳҳо санги дигарро аз ҷо бе ҷо намуда, бо худ ба поён мебарад ва дар чунин ҳолат касе ҳам ба додат намерасад. Аҷиб аст саргузашти одамӣ, ту қисматро меҷӯйву қисмат туро ва чун анҷоми корат хуб шуд, онро ба ҷаҳду талошҳои хеш нисбат медиҳӣ ва рафту ноомаде дар талошҳоят пеш омад, онро бо иловаи сад лаънату нафрат ба сари қисмат ҳавола месозӣ, бехабар аз онро худ ҷуставу хостаӣ...
Ҳамагӣ ду ва ё се соат пеш кадом як ҷинояткори оқипадар ӯро чун хонандаи мактаби миёна назди тахтаи синф рост гузоштаву сарзаниш кард. Рафту агар ӯ мутеи нафс намешуд, чун талабаи гунаҳкор сар ба зер афкандаю хомӯш менишаст?
Не, ҳаргиз хомӯш наменишаст ва барои чунин таҳқир онаи зори он судяи порагирро нишон медод, вале гуноҳ, ки дошт, лом гуфта натавонист. Ва дар ин шаби торику хомӯш подполковник Қамариддин Сафаров чӣ тавр бори аввал аз пайроҳаи қонун баромаданашро пеши назар овард...
Баъди пош хӯрдани СССР низоъҳои дохилӣ сар шуданд ва мардуми ба қавле тайи солҳо дар “асорат” буда, аз ҳавои озодӣ нафас гирифта, дар зери навои аҷнабиён ба “рақс” даромаданд. Оқибат ин “рақсҳо” мардуми кишварро ба сангарҳои муқобил оварданд ва мардум аз беқонунятӣ истифода бурда, ба яроқнокшавӣ шуруъ намуданд. Чунин амалҳо боиси сар задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва як бенизомие кишварро фаро гирифт. Он вақтҳо лейтенант Сафаров дар яке аз ноҳияҳои наздисарҳадӣ вазифаи нозири минтақавиро ба душ дошт. Дигар сарҳад ҳам он сарҳади пешин набуд ва он ҳамсоягоне, ки тайи ҳафтод сол аз соҳили чапи дарёи Ому ба соҳили рост чун ба афсонаи зебо менигаристанд, бе мушкилоте вориди ин минтақаи афсонавӣ шуданд ва бозори фурӯши яроқро ба роҳ монданд.

пешина
аз 441
навбатӣ