Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун идеологияи бегона аллакай кори хеш карда буд, дигар дар маҳаллаҳои наздисарҳадӣ на қолин монду на дег ва ҳар он чиро кӣ мардумро дар бисот буд, ба соҳили чапи дарёи Ому интиқол дода, ба ивазаш яроқ ва ё маводи мухаддир хариданд ва дар ин бозори қисмат лейтенанти милиса Сафаров чун миёнарав байни харидорон ва фурӯшандагони ду соҳил хеле “хизмат” кард ва бо маоши ночиз ҳам бошад, дар шаҳр як хонаи панҷҳуҷрадор харид. Дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва маҳз онҳое, ки замоне аз “хизмати” ин гурги дар ҷомаи меш буда истифода бурда буданд, ӯро лаҳзае аз мадди назар дур накарданд ва аз он минтақаи дурдаст ба шаҳр оварда, барои васеъ намудани доираи фаъолияташ шароит фароҳам сохтанд. Иштиҳо дар вақти хурдан қозгир мешавад гуфтагӣ барин иштиҳои ӯ низ ӯро бо олами ҷиноӣ ҳамқадаму ҳамнафас намуд...
Баъди рафтани мусоҳибаш, ки омодагии хешро баҳри иҷрои супориш изҳор намуд, муддате дар танҳоӣ сари андеша рафт. Ҳарчанд лаҳзае пеш ӯ подполковники милисаро бовар кунонид, ки амалиёт бо тамоми нозукиҳояш тарҳрезӣ шудааст, вале дар асл чунин набуд. Норасои асосӣ дар амалиёти дар пеш истода саргузашти мушҳо ва гурбаро ба ёди сарвари синдикат овард. Аз ба ёд овардани ин ҳодиса ҳалқаш қоқ шуд ва ё ҳамин хел нафас дар гулӯяш дармонд, ки аз шишае ба пиёлаи дар наздаш буда оби минералӣ рехта, ташнагии хеш шикаст...
Мушҳо аз ҳуҷуми ногоҳонии гурба дар шигифт шуда, баъди маслиҳату машварати тӯлонӣ ба хулосае омаданд, ки танҳо зангӯла метавонад онҳоро аз ҳуҷуми ин аҷнабии думдароз раҳо созад. Пешниҳод пазируфта шуд ва мушҳо назди усто рафта, сохтани чунин як зангӯларо фармоиш доданд. Ҳафтае пас зангӯла ҳам тайёр шуд. Акнун мебоист он зангӯлаи зеборо бурда, дар гардани гурба овезанд то ҳангоми ҳаракати гурба аз садои зангӯла самти ҳаракати ӯро муайян намуда, пинҳон шаванд, вале ягон муш бурда дар гардани гурба овехтани зангӯларо ба зимма нагирифт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо