Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Тинҷӣ куҷо ва бояд арз дорам, ки ҳама сари як мӯй истодаем, аз ҳамин лиҳоз бонги SOS31 –ро пахш намудам ва Хуморов гап заду гап...
-Пас чӣ бояд кард? - пурсид нафаре, ки тақдири ҳам сағиру ҳам кабирро ба душ гирифта буд, вале мусоҳибаш дар сухангӯйи вай тарсу ҳаросро ҳис намуд ва тавонист ин ҳолатро дар замири ронандаи “Москвич” -и фарсуда бештару бештар намояд...
-Ана ҳамин хел, Абдулваҳҳоб Наботович, агар чорае наандешем, намедонам оқибати кор чӣ мешавад.
-Шояд, корҳо на ба он дараҷае дӯлобанд, ки шумо гумон доред?
-Дӯлобтар аз ин шуданаш ба гумон.
-Манбаи ахбор кист?
-Дар милиса шахси бовариноки худамон ҳаст.
-Дар милисаи Сарчашма?
-Не, дар милисаи шаҳрӣ.
-Милисаи шаҳрӣ ин хабари “хунукро” аз куҷо гирифтааст?
-Аз куҷо? Аз куҷо? Албатта ӯро низ хабаркаше дар милисаи Сарчашма будагист, вагарна аз куҷо бо асли воқеа огоҳ мешуд. Охир Ормон Файз гуфтааст, ки агар бандаро аз ин варта берун наоранд, хокро ба сари ҳамаашон бод мекунам...
-Пас чӣ бояд кард?
-Инро шумо беҳтар медонед.
-Мисли оне, ки устои дуредгар ҳангомишинондани дар дармемонад, ман ҳам чӣ гуфтанамро намедонам.
-Шояд ӯро...
-Ӯро чӣ?
-Ӯро ҷисман аз байн бардорем.
-Ин ғайриимкон аст.
-Абдулваҳҳоб Наботович, ё мо ӯро аз байн бардошта, тамоми риштаҳои тафтишотро меканем ва ё ӯ моро бо тамоми далелҳо ҳамчун ҳамиштирокчӣ бо худ мебарад, роҳи дигареро намебинам.

31 SOS – сигнали байналмилалӣ дар баҳр, ки маънояш “Ҷони моро наҷот диҳед!” мебошад.

пешина
аз 441
навбатӣ