Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Григорий Хуррамович, ки сари субҳ ба ҳузури прокурор рафта буд, дар сатҳи бояду шояд иҷрои ҳамин масъаларо ба нақша нагирифт ва чунин саҳлнигорӣ вохӯрии дубораи ӯро бо прокурор тақозо мекард. Иҷрои мақсадҳои нопоки мири олами ҷиноӣ аз рӯйи нақшаи тарҳрезишуда беҳаракатӣ ва ё хунукназарию камфаъолиятии прокурорро ҳангоми иҷрои амалиёти мазкур тақозо мекард...
Ба дерии вақт нигоҳ накарда ӯ ба Абдулваҳҳоб Наботович занг зада, хоҳиши дидорбинӣ намуд.
Прокурор ин дафъа дерии вақтро баҳона накард ва розӣ шуд бо бародари қиёматии Маҳмадқул, ки дар асл бародари ӯ низ ҳаст, вохӯрад, вале Абдулваҳҳоб Наботович омадан ба тарабхонаро рад намуда гуфт, ки баъди ним соат ӯро дар рӯ ба рӯй меҳмонхонаи “Вахш” дар мошини шахсиаш интизор мешавад ва тайи ин муддат бояд Григорий Хуррамович сари роҳ бошаду яку якбора ба мошин нишинад.
-Хуб шудааст.
Сипас телефонро хомӯш намуда, ба ҷайбаш гузошт ва диктофонро аз кисааш берун оварда, кассетаеро, ки лаҳзае пеш гуфтушунидашро бо Сафаров сабт намуда буд, бо кассетаи нав иваз намуда, онро барои вохӯрии дар пеш истода омода сохта, ба ҷайбаш гузошта аз ҷой бархест...
Интизорӣ тӯл накашид, чунки баъди ду ва ё се дақиқаи рӯйи роҳ баромадан “Москвич”- и фарсудаи прокурор намоён шуд. Ҳарчанд Абдулваҳоб Наботович соҳиби мошини “Волво” буд, вале ба ҷойи вохӯрӣ бо ҳамин “Москвич”- и фарсуда омада буд, ё шояд ҳамаи ин аз хоксорӣ буд...
Собиқ судя аз дур ҳам бошад, мошини фарсудаи нафари ба вохурӣ омадаро шинохт ва то ба он нишастан имкон ёфт тугмачаи сабти овози диктофонро пахш намояд.
-Тинҷӣ мӣ? - баробари ба мошин нишастани Хуморов пурсид нафари дар паси чанбарак нишаста, ки худ чашм аз роҳ намеканд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо