Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар ин бора ҳатто бо “Шеф” суҳбат карда намешавад, вале агар нархро бардорем, шояд розӣ шавад.

  • Нархатро гап зан.
    -Якуним баробар
    -Инсоф, бародар, охир ин ғоратгарист.
    -Хоҳед ҳамин, нахоҳед ихтиёратон.
    -Майлаш, ман бо бачаҳо маслиҳат мекунам.
    -Агар дар ҳамин нарх розӣ шуданд, чӣ хуб, вагарна маро наҷӯед.
    -Баъди ду соат дар мағоза шуморо интизор мешавем.
    Худи ҳамон шаб онҳо дар мағоза (будкаи Роҳи оҳан) вохӯрда, дар асоси ведомост бори боқимондаро аз таъминотчӣ Додарбеки Раҳим гирифтанд...
    Умуман, Фарҳод аз вокзал дил канданӣ надошт ва ба ҷуз вазифаи асосӣ гоҳ-гоҳ дарсҳои дар Маскав аз Платон омӯхтаашро низ такрор мекард. “Такрор модари дониш аст,” - мегуфт Платон ва Фарҳод ҳам сари суханони устодаш гоҳгоҳ андеша мекард...

Қарибиҳои дамидани субҳ аз садои бархӯрдани қатраҳои борон ба шишаи тиреза Сорбони Ҳомид аз хоб бедор шуд.
Дирӯз бегоҳӣ дар осмон абрҳои пароканда шино доштанд ва капитани милиса ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки борон меборад. Шаб, вақте ки ёрдамчии навбатдор мактуби аз Гулзор омадаро ба дасташ дода гуфт: - Дар болои мошини номаро оварда як ваҷаб барф буд, ӯ ҳатто бовар накард.
Маълум ки аллакай дар баландкӯҳҳо нишонаи аввалини зимистон ба замин расида ва то ба водиҳо расидани он чандон дур нест ва аз чунин андешарониҳо қалбаш фишурда шуд, чунки то ҳанӯз аз се як ҳиссаи ҳосили бо арақи ҷабин парвариш намудаи марди деҳқон ҷамъоварӣ нашуда буд ва ҳатто ҳамин борон низ метавонист корро дар ин самт боз ҳафтае ба қафо партояд. Ӯ мазмуни номаи аз Гулзор гирифтаашро ба хотир оварда, ноомади кори хешро чун кори деҳқон дар ин фазои боронӣ дид.

пешина
аз 441
навбатӣ