Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Рафту агар он мичман аллакай аз ҳудуди ҷумҳурӣ баромада бошад-чӣ?
Хост дар ин бора ба бюрои маълумотдиҳии фурудгоҳ занг зада, дар бораи Карими Кабир маълумот гирад, вале ҳамоно ба ёд овард, ки чунин маълумотномаҳо бе номаи расмӣ дода намешаванд. Шояд андешарониҳояшро Офаридгори бузург кӯшише дар талоши ҳақиқат пиндоштаву бо қувваи шамол боронро дар танзими муайяне ба шишаи тиреза зад, ки аз рӯйи алфавити Морзе ӯ ҷумлаеро қироат намуд: - “Чунин мактуб дар тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат ҳаст.” Садои ба шишаи тиреза бархӯрдани борон чун навои мусиқии ноҷур хоби ӯро ба тамом пароканда кард ва дар торикӣ ҳам бошад, ба хотир овард, ки дар ин ҷода ба ҷуз хабарномаҳои навиштаи худаш боз сардори РКД-и шаҳр ҳам гузаргоҳҳои сарҳадиро бо мактуби расмӣ огоҳ намудааст.
Бенизом садои ба тиреза бархӯрдан ин худ аз ба ҳам омехташавии шамолу борон шаҳодат медод ва ин садоҳо дубора ба гӯши капитани милиса шиори озодӣ ва демократияро овард, ки ҳафт-ҳашт сол пеш ҳамдиёронаш дар зери навои бегонае “ Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез”- ро чун марши инқилобӣ қабул намудаву қариб Ватани азизро ба вартаи ҳалокат тела доданд.
Дар зери таъсири чунин андешаҳо дигар болои бистар ғел задан маъние надошт ва капитани милиса бистарро тарк намуда, тирезаро кушод. Шамол қатраҳои боронро ин дафъа қариб то ба рӯйи мизи корӣ, ки Сорбони Ҳомид рахти хобашро густурда буд, овард ва капитани милиса ҳамон лаҳза хатои хешро фаҳмида, дубора тирезаро пӯшид. Ӯ рахти хобашро ғундошта, болои сейфи оҳанин гузошт ва лаҳзае пас ба ошёнаи якуми бино фаромад.


...Баҳр тӯғён мекард, вале онҳо парвое ҳам надоштанд.
Зулайхо гоҳ-гоҳ чун моҳӣ боло меҷаҳид ва тоб хӯрда, боз сарозер ба зери об мерафт ва худро аз чанголи шикорчӣ раҳо кардан мехост. Чандин маротиба мавҷи баҳр ӯро ба қафо тела дода, масоҳати васли ҳардуро наздик менамуд. Нохост сайду сайёд дар як хат ба истиқболи ҳам омаданд ва Карим он парии обиро ба даст овард, вале сайд таслим шудан намехост ва дар талоши ҳаёт худро ба ҳар тараф мезад.

пешина
аз 441
навбатӣ