Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо маротибаи чорум марди хоболуде гӯшакро бардошта гуфт:

  • Гӯш мекунам.
    -Вохӯрдан лозим.
    -То субҳ сабр намудан имкон надорад?
    -Надорад.
    -Чӣ илоҷ? Интизор шавед.
    -Ман дар истгоҳи рӯ ба рӯи хонаат.
    -Фаҳмо.
    -Дар ин нисфи шаб янга шуморо аз хона пеш кард ва ё ҷиян яҳудидухтареро ҳамчун келин ба хона овард? - баробари ба мошин нишастан гуфт Зафар Ҷумъа, бо тахаллуси “Муҳандис.”
  • Агар чунин мешуд, ман, албатта, сабуриро пеша карда, то субҳи солеҳон хоби худатро нороҳат намекардам.
    -Набошад, корҳо аз ин ҳам бадтаранд гӯед?
    -Аз ин ҳам бадтар.
    -Наход?
    Ва Хуморов барои он, ки “Муҳандис” ва “Геолог” то ҳанӯз қотили Исроил Фотеҳро наёфта, боз шарм надошта хобанд, “Муҳандис”-ро гунаҳкор намуда гуфт:
    -Мурдани кампир боиси андуҳи зиёд шуда наметавонад, вале андуҳ он аст, ки аҷал одат мекунад.
    -Шеф, ба рости каломеро аз ин гуфтаҳои шумо нафаҳмидам.
    -Чӣ хел нафаҳмидӣ ё ман бо забони англисӣ бо худат суҳбат кардам? Як кори одиро то ба куҷо кашола намудед.
    Хайр гирем, бало ба паси ҳамон ҳазор доллари ваъда намудаи он зане, ки қотили амакашро меҷуст, вале дар мизони вақт обрӯй ва эътибори ташкилот гузошта шудааст ва обрӯйро бо миллионҳо доллар ҳам харидорӣ карда намешавад ва агар мо қотилро пеш аз милиса наёбем, “тогда грошь нам цена.”34
    -Шеф, ба фикрам, шумо на барои он омадед, ки ҳамин ҳолатҳоро ба ман гӯшрас намоед.

Пас мо ба як пули пучак намеарзем.(мақоли руссӣ).

пешина
аз 441
навбатӣ