Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегуфт: -Борон раҳмати Парвардигор аст ва дар баҳорон ӯ чун азизтарин меҳмон аст, вале дар тирамоҳ дар мавсиме, ки ҳанӯз ҳосили бо арақи ҷабин парвардаи деҳқон пурра ғундошта нашудааст, омадани борон баробари пайдошавии меҳмони нохонда аст, чунки меҳмон дар замоне пой ба остона мегузорад, ки соҳибхона ҳанӯз аз хоб нахеста ва ё хеставу хонаро ҳанӯз рӯбучин накардааст.” Ҳарчанд Зулайхо тайи чанд сол дар деҳа набуд, вале ташвишу тарадуди модари дар фироқаш сӯхтаю хокистар шударо, ки шояд падараш ӯро низ ҳамарӯза барои рафтори ношоистаи Зулайхо сарзаниш мекард, пеши назар оварда, дилаш ба модари хору залилаш гум зад. Мардуми шаҳр ҳам нисбати борони тирамоҳӣ андешаи нек доранд, чунки маҳз борон чангу ғубори аз корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёти автомобилӣ пайдошударо шуста мебарад ва пеши роҳи баъзе аз бемориҳои сироятиро мегирад.
Борон торафт суръат мегирифт, вале чун субҳ ҳанӯз надамида буд, Зулайхоро ба ҷуз интизор шудани субҳ чорае набуд. Ӯ ҳарчанд кӯшид, ки хобаш барад, вале муроде ҳосил нашуд ва дар остонаи ин субҳи фаромерасида ҷавонзан сари хоби лаҳзае пеш дидааш андеша дошт ва ҳарчанд милиса таъқибгари ӯро чун қотили амакаш муаррифӣ намуда буд, ба андешаи ҷавонзан ӯ бегуноҳ буд. Оҳ, ӯ чӣ хел худро дар байни бозувони пурқуввати он ҷавони дар фурудгоҳи Домодедово дидааш дидан мехост.
-Эй кош ӯро медидам.


Табаддулоти бузург бе қурбонӣ намешаванд. Гуфтагӣ барин Григорий Хуррамович Хуморов имшаб хоби хешро ба хотири ободию осудагии “олами ҷиноӣ,” ки сарпарастии онро ба душ дошт, қурбон намуд. Баъди вохӯрӣ бо прокурор ӯ дар мошини шахсиаш, ки ду сол пеш Ормон Файз, ҳангоми аз “осоишгоҳ” баромаданаш барояш туҳфа намуда буд, ба маҳаллаи Кӯҳдоман рафт ва ба дерии вақт нигоҳ накарда, ба “Муҳандис” занг зад...

пешина
аз 441
навбатӣ