Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба синдикат шикоят накунад ва оқибати он шикоят чӣ мешавад, худам ҳам намедонам,” - аз дил гузаронд ӯ ва бо овози шунаво гуфт:
-Ман розӣ.


Ба борони шабона ва хунукии субҳ нигоҳ накарда, сардори милиса чун ҳамешагӣ соати 700 дар утоқи кориаш менишаст. Ӯ навбатдоро огоҳ намуд, ки чун Абдулло Мирзо ва Тоҳир Солеҳ пайдо шуданд, ба наздаш дароянд.
Дастам Қосим аз сейф ҷузвдони хабарҳои оперативиеро, ки дар онҳо сухан дар атрофи интиқолдиҳандагони маводи мухаддир мерафт, бароварда, бори дигар мавриди мутоила қарор дод, чунки мехост дар асоси хабарҳои охирин нақшаю чорабиниҳоро тарҳрезӣ намояд, чунки маҳз ҳамин мавод дар ҳама давру замон барои интиқолдиҳандагон манбаи даромад ва барои харидорон манбаи дарду ғам буд...
...Солҳои 70-уми садаи XX ӯ дар яке аз қисмҳои низомӣ, ки ҳимояи космодроми Байканурро ба душ дошт, хизмати Модар-Ватанро адо мекард. Дар яке аз рӯзҳои охири моҳи август аз Маскав комиссияи босалоҳияте ба қисми низомӣ ташриф овард. Роҳбари гурӯҳ полковники солхӯрдаи тоссаре аз санҷиши ҳолати тайёрии ҳарбӣ дида, ба ҳолати санитарии қисми низомӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намуд. Чун бо амри командир ҳайати афсарону аскарон дар майдон ба ифтихори ташрифи комиссия саф оростанд, ҳамон полковники тоссар аз аҳли ҳамоиш номи гулҳои зебои дар атрофи қисми низоми шукуфтаро пурсон шуд...
Касе дар ҳамон лаҳза каломе ба забон наовард. Гумон мерафт касе он гулҳои зеборо аз сайёраи дигар оварда бошанд...
Чун самти пурсиш аз ин тараф натиҷае надод, роҳбари гурӯҳ гуфт, ки агар нафаре, номи гулпарварро ба забон биёрад, ба вай худи ҳамин лаҳза ба муддати даҳ шабонарӯз рухсатӣ медиҳад. Вале дар ин самт ҳам кӯшишҳои он марди тоссар, ки акнун аз қошу қавоқаш барфу борон мерехт, бе натиҷа анҷом ёфт.

пешина
аз 441
навбатӣ