Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, бо амри ҳамон роҳбари гурӯҳ, ки акнун марди девонаро мемонд, дар байни даҳ дақиқа аз он гулҳои зебо дигар нишоне намонд ва ҳамаи он гулҳои шукуфтаро дар як гӯшаи майдони сафороӣ ғарам намуда, бензин рехта оташ заданд. Бо амри командири қисми низомӣ дубора ҳайати шахсӣ саф орост ва ҳамон полковники тоссар нутқи нотамоми хешро давом дода гуфт, ки он гулҳои дилфиребе. ки шумо лаҳзае пеш оташ задед, “гули марг” ном доранд ва аз шираи он афюн истеҳсол мекунанд ва шинондану парвариши чунин гул дар қонун ҷазои ҷиноиро пешбинӣ намудааст.
Баъдан дар давоми як ҳафта ҳамаро аз элак гузарониданд, вале “гулпарвар”- ро наёфтанд. Моҳи ноябр, вақте ки онҳо муҳлати адои хизматро ба анҷом расонида, ба эҳтиёт баромаданд, ҳамдиёр ва ҳамхизматаш Суҳбатулло ҳангоми бозгашт ба диёр дар қатора иқрор шуд, ки он гулҳоро ӯ шинонида буд.
-Кори хуб накардӣ, қариб ҳамаро ба бало мемондӣ.
-Дидӣ, касе аз ман гумонбар нашуд.
-Вале ҳамаи моро хеле тергав намуданд ё инаш барои худат чандон аҳамият надошт?
-Онҳо бе далел чӣ ҳам мекарданд.
-Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки худат тухми он гулҳоро аз куҷо ёфтӣ ва боз чӣ хел онҳоро шинондӣ, ки касе надид?
-Тухми гулҳоро ҳангоми аз рухсатӣ баргаштан бо худ бурда будам ва чун гирди майдони сафороиро гул шинонданд, шабе, ки ман дар дидбонгоҳи назди қисми низомӣ қаровул будам, онҳоро ба байни гулҳои ду рӯз пештар шинондашуда пошидам. Омадӣ корро бубин, ки ҳамон субҳ борон гирифт ва тухмҳои пошидаи ман зери хок шуданд. Сад дареғ, ки комиссия даҳ-понздаҳ рӯз пештар омад, вагарна ман ҳосилашро ҳам мегирифтам ва агар чунин мешуд, ҳоло ҳардуямон мисли шоҳбачаҳо дар тарабхонаи қатора машғули айшу нӯш будем.
-Ҳаминаш беҳтар шуд, ки ту ҳосили он гулҳои зормондаро имкони гирифтан наёфтӣ, вагарна он полковники тоссар аздусар касеро ором намегузошт ва мо то кунун дар зери назорат будем ва ҳоло ки дер нашудааст, беҳтар мешуд аз ин роҳ бармегаштӣ.

пешина
аз 441
навбатӣ