Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун то оғози парвоз қариб даҳ соат вақт буд ва ӯ имкони пурра дошт, ки ба хонаи амаки Зулайхо рафта, суроғаи духтарро дар Маскав муайян созад ва ин қарораш қатъӣ буд.
Либосҳояшро ҳамсари тағояш дарзмол намуда, барои сафари дар пеш истодааш омода кард. Ба қавле барои аз хона баромаданаш дигар монеае ҳам намонда. Тағояш сари субҳ ба кор рафтан нахост, вале худи ҷиян ба ин кор монеа шуд ва дар интиҳо тағояшро розӣ кунонида гуфт, ки барои гуселаш ба фурудгоҳ биёяд.
Бибиаш Ҳанифа гоҳ-гоҳ ба ёд меовард ки Озод - модари Карим ба писарамакаш Давлат чун ҳама дугоникҳои аз як модар таваллудшуда мисли ду пораи як себ монанд буданд.
Карим, ки ҳатто рӯйи модарро надида буд ва рӯзи таваллудаш рӯзи вопасини ҳаёти модараш гашт, дар симои тағояш симои модарро медид ва бисёр мехост, ки пеш аз парвоз дубора ин симоро бубинад ва чун ҷиҳози беҳтарин онро пеш аз лаҳзаи парвоз дар қалбаш ҷо намояду бо худ бубарад...
Ӯ тағояшро то истгоҳ гусел карда, бори дигар ёдрасаш намуд, ки тайёра соати 1800 парвоз мекунад.
-Албатта, ман меоям, - гуфт тағояш ва муваққатан ҳам бошад, ба ҷиян хайрухуш намуд.
Барои он ки амаки Зулайхо ӯро шиносад, либосҳои низомиашро ба бар карда, соатҳои ёздаҳ аз хонаи тағояш баромад ва ҳамсари тағояшро огоҳ намуд. ки соатҳои 14 бармегардад ва сипас ба фурудгоҳ меравад. Осмони беғубори диёр ва ҳавои тозаи баъди борон ба кас ҳаловат мебахшид ва Карим оҳиста-оҳиста дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезад. Сари андешаҳои хеш мичман аз пеши биноҳои “Тоҷикфилм” ва “Телевизиони Тоҷикистон” гузашта, ба тарафи бозори “Шоҳмансур,” ки мардум онро “Зелёный бозор” меноманд, ҳаракат кард. Баъди ним соати аз хона баромадан ӯ аллакай дар остонаи вокзали Роҳи Оҳан буд.
Ба назар чунин менамуд, ки ҳама ба либосҳои шинаму зебои маллоҳ, ки қомати баланди ӯро боз ҳам босалобаттар намуда буд, бо як таваҷҷуҳи хосае назора доранд. Маллоҳ афсӯс бар он хӯрд, ки бо либосҳои ғайринизомӣ аз хона набаромад ва акнун дар чашми роҳгузарон мисли одами аз сайёраи дигар омада метобад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор