Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Маълум ки худат ҳоло ҳам аз макру фиреби зиндагӣ бехабарӣ. Медонӣ, падари ман беш аз бист сол аз қафои рамаи совхоз гашт, лек мо на шикамамон серу на танамон пӯшида буд, вале ҳамсояамон, ки қариб даст ба оби хунук намезанад, аз ҳисоби шираи ҳамон гули гуфтаи он полковники аблаҳ соҳиби қасри кошӣ ва мошини ГАЗ-24 шуд.
-Бовар дорам, ки падарат аз касе тарс надорад, чунки луқмаи нонашро бо меҳнати ҳалол ба даст овардааст, вале ҳамсояатон аз сояаш ҳам метарсад, чунки ӯ барои пул шуда барои дигарон шираи гулеро мефурӯшад, ки марг меоварад.
-Ҳамсояи мо аз касе наметарсад, чунки ӯ пул дорад, пули зиёд ва пул ҳамаро ҳал мекунад.
-Кӯза на ҳамеша аз лаби об бе осеб бармегардад ва ҳамсояи шумо ҳам оқибат ба даст меафтад.
-Беҳуда нагуфтаад, ки “пул бошад, дар ҷангал шӯрбо,” - калонгарона гуфт ҳамхизмати Дастам Қосим ва онҳо дар вокзали Роҳи Оҳани Душанбе аз ҳам ҷудо шуданд...
Ба дар касе ангушт зад ва мавҷи андешаҳои сарвари милиса пароканда шуда гулӯ рӯшан кард.
Муовини сардори милиса ва сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ рухсат пурсида, пой ба остонаи дафтари кори Дастам Қосим гузоштанд.
Баробари дамидани субҳ борон ҳам истод.
Шаҳриён аз он хурсанд буданд, ки борон чангу ғуборро шуста бурд ва ҳаво каме ҳам бошад, тоза шуд. Мардуми шаҳр танҳо рафҳои фаровони пур аз меваю сабзавоти бозорҳоро медиданд, вале аксари онҳо аз заҳматҳои марди деҳқон фориғ буданд ва ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд, ки борони шабона кори марди деҳқонро се-чор рӯз ба қафо партофт...
Таъби Карими Кабир ҳам дар ин субҳи босафои баъди борон хеле болида буд. Ӯ давутозҳои хешро дар ин шаби боронӣ аз қафои Зулайхо ба ёд оварда, хандааш омад. Тайи чанд рӯзи охир симои Зулайхо ӯро дунболгирӣ дошт ва Карим ба хулосае омад, ки нисбати муҳоҷирдухтари тоҷик бе тафовут нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор