Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Худоё, наход ин ҳамон маллоҳ бошад? - зери лаб гуфт ӯ ва аз ҷой бархест.
Маллоҳ қариб ки аз паҳлуи ӯ гузашта, ба самти ғарбии вокзал ҳаракат намуд. Дигар шубҳае ҳам набуд, ки нафари аз паҳлуи вай гузашта ҳамон маллоҳест, ки дишаб ронандае аз Гулзор номаеро дар борааш оварда буд ва ба ҷуз ҳамаи ин ситорачаҳои сари китфони маллоҳ ҳамон гунае буд, ки хонанда Парвизи Бекмурод акси онҳоро дар дафтари тайёрии ҳарбии мактабашон нишон дода буд. Капитани милиса хост ба назди маллоҳ рафта худро муаррифӣ намуда, аз вай ҳуҷҷат пурсад, вале дар лаҳзаи охир аз райъаш гашт:
-Канӣ, бубинам ӯро боз чӣ ҳавое ба сар омада...
Маллоҳ марди миёнсолеро нигоҳ дошта, чизе пурсид ва боз самти ҳаракаташро давом дод. Сорбони Ҳомид лаҳзае пас назди он мард расид ва оҳиста шаҳодатномаи хизматиашро нишон дода, дар бораи мақсаду мароми ҳамсуҳбати сарироҳияш пурсон шуд.
-Ӯ аз ман чӣ тавр ба тарафи кӯчаи Костюшко рафтанро пурсид ва банда роҳро ба вай нишон додам, ё банда бо ин амалам гуноҳе содир намудам?
-Ташаккур, амак, ҳеҷ гап нашудаст, - гуфт Сорбони Ҳомид ва суръати ҳаракаташро баландтар намуда, ба тарафи кӯпруки ҳавоӣ қадам зад. Чун капитани милиса ба пеши кӯпурук омад, маллоҳро болои он дид. Сорбони Ҳомид ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки маллоҳро дар кӯчаи Костюшко чӣ кор аст ва банохост аз андешаи зиёд қалбаш фишурда шуд. Шояд ӯро дар ҳамон кӯча ёваре ҳаст ва баъди он ҳодиса барои гирифтани ҳиссаи хеш омадааст. Ба ҳар ҳол саволҳои бе ҷавоб зиёд буданд ва ӯ рафтори хешро, ки дар лаҳзаи аввали дидани маллоҳ вайро дастгир накард, дуруст шуморид ва пой ба зинаҳои кӯпуруки ҳавоӣ гузошт. Ҳангоме ки капитани милиса болои пул баромад, маллоҳ аз самти муқобил дубора пой бар замин гузошта, самти ҳаракаташро давом дод. Чун маллоҳ марди қоматбаланд буд ва боз либосҳои ҳарбии сиёҳаш ӯро аз чашми таъқибгар дур шудан намемонд, кори назоратчиро ба маротиб осон кард. Маллоҳ аз бозорчаи назди кӯпруки ҳавоӣ дар халтаи селофание себ ва ангур харида, роҳашро давом дод ва тайи муддати дар бозорча буданаш таъқибгар ҳам пули ҳавоиро убур намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор