Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маллоҳ боз нафареро нигоҳ дошта, матлаби хешро баён кард ва мусоҳибаш рӯ ба тарафи ҷануб гардонида, бо ишораи даст ба вай самти ҷанубу ғарбро нишон дод. “Маълум, ки роҳро пурсид” аз дил гузаронд капитани милиса, вале мусоҳиби эшонро ин дафъа ба ҳолаш гузошта, аз паҳлуяш гузашта рафт. Маллоҳ аз ҳама шару шӯри дунё бехабар саргарми андешаҳои хеш қадам мезад ва дар чорроҳаи кӯчаи Афзалӣ ба тарафи рост тоб хӯрд. Ниҳоят ӯ дар охири кӯча боз ба тарафи рост гашта, баъди як-ду дақиқа назди дарвозаи оҳанине қарор гирифта даст ба занги дар бурд...


Дарвоза кушода шуд ва бонуе матлаби нафари дар пушти дарвоза бударо шунида ӯро ба хона таклиф намуд.
-Ташаккур, ман ҳамин хел роҳгузар омадам ва бегоҳӣ нияти ба Маскав рафтан дорам. Гуфтам домуллоро зиёрат намуда, суроғаи Зулайхоро дар Маскав фаҳмам ва барояшон аз саломатии домулло мужда барам, чунки ҳамон рӯзе, ки Зулайхо барои эшон бо дасти ман дору фиристод, аз саломатии амакаш дар ташвиш буд. Ҳа, ана ин ҷо барои домулло каме мева, - гӯён маллоҳ халтаи селофаниро ба дасти духтари соҳибхона доданӣ шуд, вале духтар майли гирифтани халтаро накарда гуфт, ки падарам дигар на ба дору эҳтиёҷ дораду на ба мева.
-Чӣ хел эҳтиёҷ надорад?
-Гӯё ки намедонед, - паст наомада гуфт соҳибхона.
-Чиро ман бояд донам? - ҳайрон шуда пурсид маллоҳ.
-Он чӣ ки домуллоро ба қатл расониданд.
-Салавот бар Муҳаммад! - гуфт марди ба зиёрати соҳибхона омада ва бо каломи омин даст ба рӯй бурд. Сипас ҳамдардии хешро ба мусоҳибаш баён намуда, ҳолати корро пурсон шуда гуфт: - Исто ки чӣ хел ба қатл?
-Ба қатл расонидан, чӣ хел мешавад? - талх карда гуфт соҳибхона.
-Ин ҳодиса кай рӯх дод?
-Ҳамон шабе, ки шумо барои эшон дору овардед.

пешина
аз 441
навбатӣ