Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Рафту ӯ агар аз марги соҳибхона хабар медошт, ҳаргиз дубора пой бар остонаи он хонадон намегузошт. Аз нигоҳи мантиқ ҳаминаш кофӣ буд, ки Бунавша ба бегуноҳии Карим бовар кунад, вале ӯ бе ягон асос бо суханони зишти хеш қалби нафареро, ки бо нияти нек пой бар остонаи ҳавлиашон гузошт, шикофт.
Ин мардҳоро аслан фаҳмидан душвор. Охир ӯ дар Маскав имкон дошт, суроғаи бандаро пурсад, вале напурсид ва шояд бо дермонӣ ҳам бошад, ба ёд овард, ки чӣ дурдонаеро аз чанголаш раҳо намудааст. Агар чунин аст, пас ӯ булҳаваси гузарост, вагарна дар замоне, ки ӯ қариб имкони дар Москва тағофул намудан надорад, суроғаи банда ба вай чӣ лозим?
Элак баҳонаю дидор ғанимат, гуфта омаду ба хотири як дидорбинии сарироҳӣ, ки амалӣ шуданаш ҳанӯз маълум нест, худро ба зери бори таънаю маломат монд.
“Ту, ки чанд шабу рӯз дар ёду хаёли вай чун моҳӣ дар баҳр ғутта мезанӣ, пас чаро ба амалӣ шудани ниятҳои нафаре, ки соате боз интизораш ҳастӣ, шубҳа менамоӣ?- нидо омад аз замираш.
-Дуруст, ки банда дар нисбати вай бе тафовут нестам, вале то кунун намедонам ӯ маро ба сифати кӣ суроғ карда омад. Агар ба сифати маъшуқа бошад, ман мутлақо зидам, чунки “шаҳди” ин мақомро ду маротиба чашидаву ба муроди дил нарасидам, вале агар ӯ бандаро ба сифати бонуи хонадонаш интихоб намояд, то ҷон дар рамақ дорам, мекӯшам ба ӯ содиқу вафодор бимонам.
-Гурба ҳам гоҳ-гоҳ чарбу хоб мебинад.
-Дар талоши ҳаёт андешаи рӯзи фардоро низ намудан лозим меояд, ва Каримро низ худи ҳаёт ба ин амал ҳидоят намудааст ва гумон мекунам тайи ин сенздаҳ рӯзи ҷудоӣ дар зиндагии вай дигаргунии куллие рух додааст, ки симои банда муниси ҳамешагии ӯ гаштааст. Рафту ӯ дар Москва ба суроғи ман меомад, аздусар Суман ҳам ҳамаи кибру ғурурашро пеши по зада, ба вай чашм ало мекард. Модоме ки Суман дар хоб Каримро нияти аз ман рабудан кард, пас канӣ кафолат, ки чунин инсони нексириштро бинаду ба хотири ман, ки чун худи вай дар талоши ҳаёт нияти гом задан дорам, ақибнишинӣ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор