Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳарчанд мо дар роҳи то ба ин ҷо омадаамон тайи камтар аз ним соат суҳбат ҳам доштем, вале мавзуи суҳбат ин хотироти ҳардуи мо дар атрофи акои Исроил буд. Аз он чӣ ки андешаҳои Карим дар нисбати амакам хеле нек садо доданд, ба ростӣ хушам омад ва ман ҳатто баъди маргаш ҳам ба номаш ва ба кору пайкораш ифтихор карда метавонам.” Лаҳзаҳои интизорӣ дар роҳрави ошёнаи дуюми бинои милиса аз қарн ҳам дарозтар намуданд. Худоё Каримро дар паноҳат нигоҳ дор, охир ӯ гуноҳе надорад ва чаро милиса ҳамин чизи одиро фаҳмидан намехоҳад?
Ҷавонзан ба ёд овард, ки дар тамоми роҳ мардуми роҳгузар ба ӯ ва Карим бо ҳавас нигоҳ мекарданд. Ҳатто ӯ суханони пиразанеро, ки ҳамроҳи мӯйсафедаш ба онҳо бо ҳавас нигаристанд, шунид, ки гуфт:
-Чӣ хел ҷуфти зебо!
Ана ҳамин хел андешаҳои мухталиф бонуи дар роҳрави бинои милиса бударо лаҳзае ором намегузоштанд ва мавҷи хаёлоти духтар чун мавҷи баҳр дар атрофи киштие (Карим дар назар аст) давр мезад, ки дар қалбаш маскан гирифта. Ӯ боз хоби дишаб дидаашро ба ёд овард ва афсӯс бар он хӯрд, ки бедор шуду хоб нотамом монд...
Дар кушода шуд ва Карим ҳамроҳи мусоҳибаш берун баромаданд. Зулайхо борҳо дар филмҳои бадеӣ дида буд, ки милиса ҳатман ба дастони гунаҳкор кишан мезанад ва ё шахси гунаҳкор дастонашро паси пушт дошта роҳ меравад ва дар ин лаҳза ӯ дастони нафареро, ки акнун нисбаташ бе тавофут набуд, озод дида ба хулосае омад, ки корҳо на ба он дараҷае бад ҳастанд, ки милиса тасвирашро намуда буд...
-Мо ҳозир бармегардем, агар хоҳед интизор шавед ва ё метавонед дар ҳамин ҷо бо мичман хайрухуш намоед!
-Ман интизор мешавам, - гуфт Зулайхо.
Сорбони Ҳомид ҳамроҳи Карим аз зинаҳо ба поён рафтанд... Ин лаҳза дар назари духтар мисли он намуд, ки офтоб паси пораи абри сиёҳе пинҳон шуд...
**** Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ мичманро дар қабулгоҳ гузошта, худ вориди дафтари кории сардори милиса шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор