Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Акнун сар мешавад? Ман гумон намудам, ки...
-Гумонҳои ботил чӣ лозим? Акнун дастҳоро паси пушт гирифта, аз қафои сержант ҳаракат намоед амр намуд сардори ИВС старшинаи милиса Худоиназаров.
Ормон Файз дар иҳотаи ду милиса вориди дафтари кории Зоғов шуд.
Чун бо ишораи соҳиби дафтари корӣ Ормон Файз ба курсие нишаст, нафаре, ки дар сари мизи дарозрӯя менишаст, баъди дарро аз самти муқобил пӯшидани васиёнаш нигоҳашро дубора ба тарафи боздоштшуда дӯхта гуфт:
-Гӯшам ба шумо, Ормон Файзович.
-Ман чӣ гӯям? - дилу бедилон овоз рӯшан кард боздоштшуда.
-Тафтишот донистан мехоҳад, ки ҳодиса чӣ хел рӯх дод?
Соҳиби бор кист ва шуморо кӣ сарпараст аст?
-Ман аллакай ҳамаашро гуфта додам ва ба фикрам дар ҳамин ҷо (боздоштшуда бо ишораи ангушт парвандаро нишон дод) ҳамааш ҳаст.
-Маълум мешавад, ки дар нишондоди қаблиатон шумо тафтишотро бовар кунонида натавонистед, вагарна чӣ лозим буд дубора шуморо ташвиш додан?
-О ман ҳамаи гуноҳро пурра ба гардан гирифтам, боз чӣ мехоҳед?
-Ҳақиқатро.
-Банда низ ҳақиқатро гуфтам ва гуноҳи ман нест, ки шумо шунидани онро хуш надоред.
Аз чӣ бошад, ки Зоғов суҳбати дирӯзаашро бо Сорбони Ҳомид ба ёд овард: ҳарчанд ин хабар мақоми расмӣ надошт ва онро ба ҷуз овоза дигар хел арзёбӣ кардан намешуд, “мири олами ҷиноӣ” Хуморов Григорий Хуррамович бо Ормон Файз дар муносибати дӯстона қарор дошт ва аз рӯй таҳлилҳои бахши кофтукови ҷиноӣ муҳандис ва ба нақшагирандаи ҳамаи амалиёти ғайриқонунӣ Ормон Файз-собиқ судя буд.
-Григорий Хуррамович дар амалиёти шумо чӣ мақоме дорад?
-Кадом Григорий Хуррамович?
-Хуморов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор