Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бори аввал чунин ному насабро мешунавам.
-Гуфтаниед, ки Хуморовро намешиносед?
-Чӣ ман бо дигар забон гап задам?
-Пас агар чунин аст, мегуфтед, ки бор аз они кист?
-Аз они худам.
-Қабул ва акнун тафтишот дониста мехоҳад, ки борро аз куҷо ва бо кадом нарх гирифтед?
-Борро ҳамон рӯз аз марди ношиносе гирифтам.
-Бо кадом нарх?
-Бо нархи дусад доллар ба сари ҳар килограмм героин ва сад доллар ба сари ҳар кг афюн.
-Чӣ қадар пул ба вай додед?
-Ман ба дасти фурӯшанда як бастаи нокушодаи саддоллара додам ва ӯ аз кисааш бароварда ҳамчун бақия сесад доллар дод.
-Оё ӯ он бастаро кушод?
-Не.
-Худат бошад, чунин як маблағи калонро ба вай додию ҳатто номашро напурсидӣ?
-Қоида дар бозори сиёҳ ҳамин ва ҳама гуна таваҷҷуҳ нисбат ба шахсияти фурӯшанда ё харидор нобовариро дар ин самт ба бор меоварад.
-Имрӯз муҳлати боздошти муваққатии шумо ба охир мерасад.
-Маро соати 2320 дақиқа ба ин ҷо оварда буданд ва то он вақт боз ҳафт соат вақт аст.
-Барои ҳамин ман ҳозир ба шумо айб эълон мекунам ва сипас ҳарду якҷоя ба прокуратура меравем ва розигии прокурорро барои ба ҳабс гирифтани шумо мегирем, - гӯён Зоғов қарорро дар бораи айб эълон намудан ба дасти Ормон Файз дод.
Боздоштшуда ба қарор шинос шуда, дар асоси нишондоди муфаттиш ба зери он имзо гузошт. Сипас Зоғов ӯро ба сифати айбдоршаванда пурсид, вале Ормон Файз ба нишондоди пештарааш қариб чизе илова накард ва мисли пештара гуноҳи хешро пурра ба душ гирифт. Инчунин дар пурсиши навбатӣ низ ӯ номи шахси дар зери борони тир аз мошин фирорнамударо ба “ёд” оварда натавонист ва ба замми ин тафтишотро бовар кунониданӣ шуд, ки ронанда аз мавҷудияти бор хабар надошт.

пешина
аз 441
навбатӣ