Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Филми бад не, вале банда аллакай як маротиба онро тамошо кардам...
Чун аз паҳлуи кинотеатр ба самти рост тоб хӯрд, роҳравон он коғази чорқатшудаи аз “Весвшик” гирифтаашро кушод.
“...Шаби гузашта тамоми бори боқимондаи мудири анборро ёвари ӯ Додарбеки Раҳим ба интиқолдиҳандагон тақсим намудааст. Онҳо аллакай аз рӯӣ нақшаи дар дасти шумо буда ба иҷрои амалиёт шуруъ намуданд...” Капитани милиса аз чорроҳа гузашта, ба тарафи пункти такягоҳи ҷамъиятии рақами 3 ҳаракат кард.
“Дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад,” гуфтагӣ барин, бубин онҳо низ аллакай бо Рура алоқа барқарор намуданд,”- зери лаб гуфт Сорбони Ҳомид ва суръати ҳаракаташро тезтар намуд.
-Хайрият меомадед, вагарна чӣ фикрҳои ботиле аз сарамон нагузашт, - баробари вайро дидан гуфт сарнозири минтақавӣ Мирзо Шокарим.
-Ҳамин хел коре баромаду ба идора рафтам.
-Ба ҳар ҳол моро огоҳ намудан лозим буд.
-Бубахшед, инаш гуноҳи ман рафиқ майор.


Соати 1730 дақиқа Зоғов ба прокуратура занг зад. Аслан муфаттиши милиса мехост, ки прокурор бе интиқоли боздоштшуда ба ҳуҷҷатҳои тафтишоти шинос шуда, ба ҳабси Ормон Файз розигӣ диҳад. Зоғов, ки тайи чанд сол дар тафтишот кор мекард, чунин ҳодисаҳоро борҳо дида буд ва худи Абдулваҳҳоб Наботович ҳам аксари вақт баъди шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ барои ҳабси ин ё он нафар бе иштироки айбдоршаванда розигии хешро медод, вале ин дафъа прокурор ҷомаро чаппа пӯшидагӣ барин, ба замми он ки соати 1100 муфаттишро қабул кардан нахост, боз ду пойро ба як мӯза андохтанӣ шуда, хабар дод, ки ба қарори муфаттиш бе суҳбат бо худи айбдоршаванда имзо нахоҳад гузошт.
Прокурор бо салоҳдиди хеш вохӯриро ба соати 1800 таъин намуда буд ва акнун Зоғов ним соат пеш аз рафтан ба назди сарназоратчии қонун мехост фаҳмад, ки шояд Абдулваҳҳоб Усмон аз ақидаи хеш гашта бошад ва ба ҳуҷҷатҳо бе иштироки айбдоршаванда шинос шуда имзо гузорад.

пешина
аз 441
навбатӣ