Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ин саргузашти дуру дарозест ва агар хоҳед ман онро дар тайёра ба шумо нақл мекунам.
-Агар ҷой нишасти мо дар толорҳои алоҳида намешуд.
-Ман ҷойи хешро бо шахси дар паҳлуи шумо буда иваз мекунам.
-Рафту он кас розӣ нашавад-чӣ?
-Муҳимаш он ки шумо зид набошед.
-Зид нестам.
-Яъне шумо розиед, ки паҳлуи ман бошед?
-Гуфтам-ку зид нестам, ки ҳангоми парвоз дар паҳлуятон нишаста нақлатонро шунавам.
-Дар зиндагӣ чӣ?
-Ба ҳайси кӣ?
-Ба ҳайси бонуи хона.
Зулайхо сар ба зер афканд, умуман ӯ чӣ ҷавоб доданашро намедонист ва ё шояд ин дафъа шарму ҳаё дар ниҳодаш туғён намуду забонаш лол монд...


Агар сӯзан партоед, ба замин намерасид ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Сорбони Ҳомид, ки ҳамагӣ як дақиқа пеш аз саршавии филм вориди толори кинотеатр шуда буд, имкон ёфт дар куҷо нишастани Рураро муайян намояд. Чароғҳо яку якбора хомӯш шуданд ва дар экран навиштаҷоте аз оғози филм пайдо шуд, ки ному насаби иштирокчиёни нақшҳо дар зери мусиқии симфонӣ ҷой хешро иваз мекарданд...
Тайи ҳамин муддате, ки ҳушу гӯши ҳама ба экран буд, капитани милиса милиса қаторҳоро пурсида, ба қафо рафт ва чун ба қатори сенздаҳум расид, ба тарафи мобайн ҳаракат карда, нигаронии нафарони дар қатори мазкур нишастаро ба бор оварда маъзарат хост.
-Ана ҳамин ҷой холист, - овоз рӯшан кард кадоме ва ӯ соҳиби овозро шинохт, ки таклифи эшонро қабул намуда худро аз суханони пасту баланди тамошобинон раҳо кард...
Ҳарчанд ҳунарнамоии Леонид Куравлёв ва Ирина Муравёва ба вай писанд омад, вале баробари гирифтани хатча аз толор баромад.
-Филм писандатон наомад? - пурсид маъмурзан.

пешина
аз 441
навбатӣ