Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун дар суханронии Зулайхо аз хоҳиш дида ултиматум мавқеи бештаре дошт, хешу ақрабои маҳрум ба фурудгоҳ занг зада хабар гирифтанд, ки аз рӯйи нақшаи парвоз худи ҳамин бегоҳ аз Маскав ба Душанбе тайёраи мусофиркаш меояд ва ҳамин ҳолат асос шуду нафарони машварат ороста ба хулосае омаданд, ки маросими ҷанозаи марҳумро то субҳи рӯзи 26 октябр ба таъхир андозанд.
Бо каме дермонӣ аз нақшаи парвоз рӯзи 25 октябр ТУ- 154 соати 2045 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо хатсайри Домодедово-Душанбе ба замин фаромад. Хешу ақрабо ӯро на дар фурудгоҳ, балки дар пеши дарвозаи ҳавлии амакаш бо оҳу нола “ пешвоз” гирифтанд.


Хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ, ки онро ташхисгари дараҷаи олӣ Муҳаммад Ҷунайд мавриди баррасӣ қарор дода буд, аз он шаҳодат медод, ки куштор дар байни соатҳои 2110 - 2150 дақиқа рух додааст. Аз нишондоди хонанда Парвизи Бекмурлод бармеомад, ки ӯ мичмани ношиносро маҳз то саршавии кӯчаи Костюшко гусел намудааст. Аз даромадгоҳи тангкӯча то ҳавлии Исроил Фотеҳ ҳамаги ду дақиқа роҳ. Чун Парвиз ба хона омадааст, бобояш тариқи оинаи нилгун рафти пахтасупориро тамошо дорад ва хонанда барои дер омаданаш аз тарафи бобо мавриди сарзаниш қарор гирифтааст. Аз рӯйи маълумолтномае, ки рӯзи гузашта Сорбони Ҳомид дар асоси дархост аз Комитети давлатии радио ва телевизион пешниҳод намуд, 22 октябр барномаи мазкур соати 2058 дақиқа сар шуда, ҳамагӣ панҷ дақиқа давом намудааст.
Субҳи 26 октябр, вақте офтоб баробари як қади найза баланд шуд адои намози ҷаноза ба ҷо оварда шуд ва тобут бо ҷасади Исроил Фотеҳ чун лаълии парон болои дасти мардумони ба маросими видоъ омада ба самти манзили хомӯшон ҳаракат кард. Сорбони Ҳомид ҳам ҳамроҳи анбуҳи мардуми аз қафои тобут ҳаракаткунанда ба тарафи манзилгоҳ рафт ва тасодуфан шоҳиди гуфтугӯи ду нафар гашт:
-Ҳодиса дишаб рух додааст?

пешина
аз 441
навбатӣ