Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нақши ангуштони ҳамагӣ наим соат пештар ба ЭКО фиристодаамон бо нақши ангуштони аз ҳайкалчаи Суқрот гирифташуда баробар меомад.
Ҳарчанд то он лаҳзаҳо хеле вақт буд, вале банда боварӣ доштам, ки зангзанандаи ношинос ҳам дар кӯчаи Беҳзод будааст ва ў дар марги Сафо Боқӣ даст надорад.
Тезии корд дар нуги корд гуфтаанд, вале афсўс ки банда расми Сафо Боқиро бо худ нагирифта будам. Рафту расми маҳрум дар дастам мебуд, ман аздусар дар кӯчаи «Озодии занон» қадам мезадам ва бо нишон додани он аз мардум ёрӣ мехостам. Ман амин будам, ки муҳаббати марди зандор бо духтаре, ки аз сад гулаш як гулаш то кунун нашукуфтааст, аз мадди назари мардуми худогоҳ дур намондааст.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки духтар дар ҳамин гирду атрофи кӯчаи «Озодии занон» зиндагӣ намояд ва боз нақши ангуштони ў бо нақши ангуштони дар бойгонии ЭКО маҳфузбуда баробар оянд.
Сари ҳамин андешаҳо ман ба автобус нишаста баъди даҳпонздаҳ дақиқа пой бар остонаи бинои милиса гузоштам.
Ҳарчанд вақти тановули нисфирўзӣ шуда буд, вале иштиҳои банда баста буд. Аз ин рў, ман ба ошёнаи дуюм баромада, дари дафтари кориамро кушодам…
Лисони сафедеро болои мизи кориам гузошта, хома ба даст гирифтам, то андешаҳои хешро дар атрофи занги нобаҳангоми соате пештар садодода гирд оварам…
-Капитани милиса Сорбони Ҳомид.

  • Бале, бубахшед, ки шуморо нашинохтам.
  • Инаш, ба фикрам, чандон муҳим нест. Рафту агар ман ному насабамро ҳам гўям, дигаргуние дар фаъолияти кори шумо ба амал нахоҳад омад.
  • Шуморо гӯш мекунам.
  • Шумо медонед, ки худораҳматии Сафо аз ҳамсараш нияти ҷудо шудан дошт.
  • Не, истед, ки шумо аз куҷо медонед?
  • Ахбор аз сарчашмаи аввал аст, афсўс ки худи сарчашма хушкид.
  • Сарчашма гуфта Сафоро дар назар доред?
  • Сафоро, Сафоро…
  • Агар ба тафтишот ёрӣ додан хоҳед, хоҳиш мекунам ному насабатонро гўед.
пешина
аз 441
навбатӣ