Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ин ғайриимкон аст.
- Чаро?
- Худатон бояд фаҳмед…
- Чиро?
Банда ҳатто ҳамин саволи охиринро ҳам ба мусоҳиби ношиносам дода натавонистам, чунки ў худ ба гуфтугў нуқта гузошт. Акнун ман сари мизи кори хома дар даст болои лисони сафед гуфтугўи хешро аз бодҳо ва аз ёдҳо гирд овардам, то дурусттар сари он гуфтаҳо андеша намоям:
“- Ў кист? - Шояд боз ягон масхарабоз ё девонае, ки мехоҳад моро ба даву този иловагӣ маҷбур созаду аз дур истода ба ҳоламон хандад, ё…
- Ё чӣ?
- Ё ў дар ҳақиқат ҳамон нафарест, ки моро ба роҳи рост ҳидоят кардан мехоҳад.
- Ҳамааш ба он вобаста, ки дар ЭКО ба нақши ангуштони аз телефон-автомати рақами 228 гирифта чӣ баҳо медиҳанд?” «Дар ноомади кор атола дандон шиканад»,- шунидам нидои қалби хеш ва таъбам лаҳзае хира шуд.
“Поёни шаби сиёҳ сафед аст,”- ба ёд овардам суханони гузаштагонро ва хома ба даст гирифта, дар атрофи оила ва оиладорӣ онро болои лисон бурдам: - Шоҳсутуни оила на танҳо ишқ, балки накуии зану шавҳар ҳам ҳаст…
- Одоби оромӣ тарғиботест баҳри хушии оила.
- Чун дар оила покӣ маром шуд, муҷизакорӣ ба он раво шуд.
- Шикоят аз оиладорӣ беқудратист ва чун аз он бурун ояд, шармандагист.
- Оиладорӣ сирри ниҳонест, аз он бурун шармсорист
- Сирри ниҳонии оила оиладорист, варна як дарди сарест.
- Дар хонае, ки ҳамсари содиқу ҳамдам набувад, ояндааш торик аст.
-Таҳкурсии оиладорӣ садоқату боварӣ бошад.
“Дар оилае, ки боварӣ нест, оташдони беоташро монад.” Аслан имкон буд, ки боз аз шунидаҳои хеш дар атрофи оила ва оиладорӣ хомаро болои лисон барам, вале ҳаминаш шояд кофист гуфтаму ба таҳлили нигоштаҳоям пардохтам.
Аз он чӣ ки мусоҳиби субҳгоҳии банда аз сирри ниҳони оилаи Сафо Боқӣ огоҳ буд, ин худ мақому манзалати ўро дар назди сарвари оила, ки акнун дар қайди ҳаёт набуду доғеро дар дили шунавандаи аввалину охирини хеш гузошта буд, нишон медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор