Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Ба фикрам, дар ин бора хулоса баровардан бармаҳалтар аст.
- Бигузор гуфти шумо шавад, вале дар он сурат ҳам мо мефаҳмидем, ки киҳо нияти бо Бонози Даврон алоқа барқарор намудан хостанд, ба инаш чӣ мегўед.
- Инаш дуруст.
- Маҳз ҳамин як амали хурд бубин ташвишу тарадудҳои моро чӣ қадар зиёд кард.
- Баҳс намекунам.
- Бо як амали беандешонаи хеш мо ба Бонози Даврон он қадар «имтиёзҳо» додем, ки ҳисобаш гум. Бояд иқрор шуд, ки тайи ин рўзҳо банда ҳам дафтари аъмоли Сафо Боқӣ ва ҳамсари ўро хеле варақ задам.
-Хуш бошад.
-О, худи ҳозир шумо, рафиқ капитан, нияти баромада рафтан доштед,-бо нимтабассуми малеҳе гуфт муфаттиш.
Табассум ҳусни баъзе одамонро лаҳзае ҳам бошад, дучанд мекардааст ва Нӯшин ҳам аз ҳамин қабил бонувон буд.
-Акнун банда ба ягон ҷо шитоб надорам.
Муфаттиш аз ҷой бархоста, аз сейфи оҳанин лисонеро берун оварда ба дастам дод.
Тайи он муддате, ки банда ба қироат машғул будам, соҳиби дафтари корӣ чун руҳшинос чашм аз қиёфаи ман наканд ва чун он сафҳаи пур аз асрор болои миз гузоштаву сар бардоштам, ў ҳамоно ба «ҳуҷум» гузашта пурсид:
-Хуш, ба инаш чӣ мегўед?
Аслан он саҳфа нишондоди духтур буд, ки баъди гирифтани ташхиси мукаммал ба зану шавҳар Сафо Боқӣ ва Бонози Даврон маслиҳати беғаразонаи хешро чун табиб дода. Ба ақидаи духтур бинобар ба ҳам мувофиқ наомадани хун аз зиндагии якҷоя онҳо ҳеҷ гоҳ соҳиби фарзанд шуда наметавонистанд, вале чун ҳарду имконияти пурраи фарзанддор шудан доштанд, духтур ба онҳо тавсия додааст, ки беҳтар он аст, ки аз ҳамдигар ҷудо шуда оилаи дигаре бунёд намоянд. Ин ҳодиса тахминан ҳафт- ҳашт моҳ пештар будааст.
Дигар дар ин байн чӣ шудаву чӣ не, духтур ҳам хабаре надоштааст, чунки ҳодисаҳоро онҳо назорат намебаранд ва ҳамааш ба он вобаста аст, ки зану шавҳар ба оянда аз кадом кунҷ нигоҳ мекунанд.
-Хеле аҷиб, - ниҳоят муҳри хомӯширо шикаста гуфтам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор