Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Пас Сафо Боқӣ он шаб дар куҷо буд?
- Дар хонаи ҳамин нафаре, ки ба шумо занг зада хабар дод, ки худораҳматии Сафо аз ҳамсараш нияти ҷудо шудан дошт.
- Асрори ҷаҳонро на ту донию на ман50 …
Занги телефон садо доду ман гӯшакро бардоштам. - Нақши ангуштони аз гӯшаки телефон-автомати рақами 228 гирифташуда бо нақшаи ангуштони аз ҳайкалчаи Суқрот гирифташуда аз рўи нишонаҳои индувидуалиашон баробар омаданд,- хабар дод Самадов.
-Ман шуморо фаҳмидам, вале…
Ҳамин як калима басанда шуд, ки банда аз мақсаду мароми муфаттиш огоҳ шавам. Ман фаҳмидам, ки ў дар ин ҷода қадаме ба сўи мо нахоҳад гузошт. Акнун моро ба ҷуз ҷустани сӯзан дар байни он тӯдаи коҳ дигар роҳе намонда буд:
-Хуш монед, - гўён ман аз ҷой бархестам…
-Илтимос сабр кунед, ман то кунун мақсадамро пурра барои шумо накушодам.
-Ман ҳамаашро фаҳмидам. Яке аз сабабҳои пеш нарафтани кор ин ҳамдигарнофаҳмии худи мост.
- Илтиҷо мекунам, боз лаҳзае сабр намоед то ман андешаҳои хешро дар атрофи ин мавзуъ баён намоям, баъд ихтиёр шуморост.
Илтимосу илтиҷои Нӯшини Азиз маро маҷбур сохт, ки дубора ба курсӣ нишинам. - Дар ёдатон бошад, ман дар вохўрии аввал ба шумо гуфта будам, ки Бонози Даврон ба ман маъқул нашуд.
- Дар ёдам ҳаст
- Худи ҳозир шумо дар бораи ҳамдигарнофаҳмӣ гап задед, ҳамин хел не?
- Бале.
- Дар ҳодисаи мазкур банда бояд шикоят намоям, на шумо .
- Гӯш мекунам.
- Рафту агар шумо назорати беруниро аз қафои Бонози Даврон намебардоштед, он чор-панҷ даъвогаре, ки аз рўи нишондоди ҳамсари Сафо Боқӣ ба моликияти онҳо чашм «ало» намудаанд, пайдо намешуд, ё гапам нодуруст?
50 Сухан аз У.Хайём.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор