Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Пас чӣ бояд кард?
- Вайро ҷустан лозим.
- Рафту вай тасодуфан аз он телефон занг зада бошад?
- Агар ўро мақсаду мароме дар дил набудӣ, бо рақами маъмули 02 занг мезад. Модоме ки ў ба рақами телефонии дафтари кори шумо занг зада, ҳатто ному насабатонро пурсида, баъд матлаби хеш баён намудааст, пас чӣ ҷойи шубҳа?
- Вақт интизор мешавад?
- Вақт интизор намешавад ва моро лозим меояд, ки корҳои ҷустуҷӯиро дар атрофи ин ҳодиса дучанд намоем. Аз он чӣ назорати телефонии Бонози Даврон натиҷае надода истодааст, банда дар шигифтам. Ман мутамаинам, ки ў дар ҳодисаи ба сари Сафо Боқӣ омада ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим шарик аст. Ба таври дигар гўем, то ба ҳамин лаҳзаҳо Бонози Даврон барои ман гумонбаршудаи рақами якум буд ва ҳамон хел боқӣ мондааст. Аз гумонбаршуда бошад, ман ҳаргиз талаби ёриеро надорам, чунки ин амал ба муқобили худи ўст. Рафту ў аз асрори пасипардагии шавҳараш ҳам хабар дошта бошад, ман аз ў ёрӣ талабиданӣ нестам, мисле ки:
-Ба дандон рахна дар фулод кардан.
Ба нохун санги хороро буридан.
Фурў рафтан ба оташдон нагусор.
Ба пилки дида оташпора чидан, Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд, Ки бори миннати дунон кашидан…
-Ба шумо ҳамфикр буда наметавонам ва ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо дар муносибат набояд чун талбанда, балки чун хайркунанда амал намоем, то вай фишорро ҳис карда, баҳри сабук намудани гуноҳаш бо тафтишот ҳамкорӣ намояд.
-Ҳар рўз прокурор аз натиҷаи кор пурсон мешавад ва банда низ аз пеш нарафтани кор дар хиҷолатам, вале ман ҳеҷ гоҳ бар хилофи ақидаҳои хеш амал нахоҳам кард. Ман боварии куллӣ дорам, ки касе ба дари хонаи ин зани авантюрист (моҷароҷӯй) ангушт ҳам назадааст ва касе ҳам ба ў саҳмдории хешро дар моликияти умумии корхонаашон собит ҳам накардааст. Ҳар касе ки бо саҳмия сару кор дорад, аздусар онро дар асоси талаботҳои қонун ҳаллу фасл менамояд. Маҳз ҳамин ҳолат басанда аст, ки тафтишот ўро барои дуруғгўиаш муттаҳам намояд. Банда итминони комил дорам, ки ў моро бо ин амали хеш аз самти асосии корҳои ҷустуҷӯӣ бароварданист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор