Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафту ў агар ба назди ман меомад, ман ҳамин суханонамро дар рўяш мегуфтам. Афсӯс ки дар хонаи ў мо ҳатто воситаҳои пинҳонии қабули мавҷро нагузоштем, вагарна ин дурӯғашро ҳам собит менамудем. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар ҳамин бора ба роҳбаратон суҳбат намоед.

  • Албатта.
  • Чун шумо ҳам дар атрофии шикояти вай чорае наандешидед, гумон мекунам, ки ҳисоби хешро дар ин самт бо ў баробар кардаем, мисли оне ки Илёс Базна ҳисобу китобашро бо Германияи фашистӣ барбар намуда буд51.
  • Яъне, ки мо ҳеҷ чизро бо ҳеҷ чиз харидем.
  • Аз ин бармеояд, ки шумо ҳам китобҳои Людвиг Мойзиш ва Илёс Базнаро хондаед?
  • Ҳа, чандин сол пеш чунин имконият ба ман ҳам даст дода буд ва имрўз, ки шумо дар ин бора ёдовар шудед…
  • Ҳафтае пеш ман ин китобро хонда тамом намудам ва бовар намоед ҳатто ба он марди турк аҳсант гуфтам.
  • Ба фикрам Илёс Базна аз рӯйи нафс ба чунин амал даст задааст.
  • Аксарияти авантюристонро ҳамин нафсашон ба зери дор мебарад.
  • Гумон доред, ки қаҳрамони моро ҳам нафс аз роҳ баровардааст?
  • Бо ин савол беҳтар мешуд, ки ба ҳамон бонуе, ки нақши ангуштонашро чун туҳфа дар телефон-автомати рақами 228 гузоштааст, муроҷиат мекардед.
  • Агар ўро ёбам.
  • Дил хоҳад аз чашми кӯр ҳам об меравад.
  • Ба андешаи шумо мақсаду мароми ман дигар аст?
    -Мақсаду мароматон дигар нест, вале роҳи пешгирифтаатон тағйироти куллиро мехоҳад.
    -Яъне, ки мо он бонуро бояд бе ёрию дастгирии Бонози Даврон ёбем.
    -Роҳи дигареро намебинам.
    -Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро шумо мутлақо зидди он ҳастед, ки мо аз «хизмати» Бонози Даврон истифода барем.

51
Нигар ба асарҳои Л.Мойзиш «Амалиёти Ситсерон ва И.Базна
«Ситсерон ман будам».

пешина
аз 441
навбатӣ