Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарвозаро ба рўям духтараки дувоздаҳ-сенздаҳсолае кушода, чун матлабамро шунид, гуфт, ки лаҳзае сабр намоям то ў аз бобояш пурсида биёяд.
Чунинашро ман интизор набудам. Умуман тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намуданам бори аввал бо чунин амал рў ба рў омадам, ки меҳмонро пушти дар гузошта, баҳри шунидани розигии соҳибхона раванд, вале чун ба ёд овардам, ки соҳибхона унвони хешро дар хизмат не, балки аз рўи нақлҳояш гирифтааст ва аҷаб не, ки бо чунин амалаш симои низомии хешро нишон додан мехоҳад, чунки тартибу низом дар ҳарбиён бештар дида мешавад, каме ҳам бошад осуда шудам.

  • Марҳамат ба хона дароед, бобоям шуморо қабул мекунанд,-дуюмбора дарвозаро кушода маро ба хона таклиф намуд ҳамон мусоҳиби аввалаам, ки ман ўро қариб панҷ дақиқа пушти дарвоза интизор будам.
    Ман дигар ҳарфе ба забон наоварда, вориди ҳавлӣ шудам ва роҳбалади наврасам маро то ҳуҷраи бобояш, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир будааст ҳамроҳӣ намуд.
    Ҷумъа Зокир марди миёнақади лоғарандоме буд. Чашмони фурӯрафтааш нигоҳи ўро боз ҳам сардтар мекард. Баробари пой ба остонаи ҳуҷрааш гузоштани банда мўйсафед азми ба истиқболам хестан намуд, вале ман пешдастӣ намуда вайро аз ин амал боздоштам.
  • О, ин чӣ хел мешавад? - изҳори нигаронӣ намуда гуфт мўйсафед.
  • Ҳеҷ гап не, бобо, ҳаминаш намерасад, ки бо як амали хеш гуноҳи моро даҳчанд намоед.
  • Парвона.
  • Лаббай, бобоҷон.
  • Як чой.
  • Хуб шудааст, - гўён духтараки роҳбалади ман баробари шунидани амри бобо аз дар баромад.
  • Шуморо нашинохтам, - баробари болои кӯрпача нишастанам пурсид мўйсафед.
  • Муҳимаш он аст, ки ман шуморо мешиносам.
  • Ҳарчанд мекӯшам ба ёд биёрам, ки шуморо дар куҷо дидаам, вале ин амал ба ман даст надода истодааст. Бало пирӣ шавад.
  • Шумо ҳоло ҳам бақувватед.
пешина
аз 441
навбатӣ