Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар намуд ҳа, вале дар асл не. Ҳамон бародарони рус беҳуда нагуфтаанд ки – «старость не радость».
  • Роҳгузареро пурсидам, ки ҳавлии бобои Ҷумъа дар куҷост, посухам дод, ки шуморо дар маҳалла ҳама “полковник” мегўянд.
  • Инаш рост писарам, ҳарчанд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо рутбаи сержанти хурд баргаштам, истед, ки шумо милисаед?
  • Бале.
  • Рутбаатон?
  • Капитани милиса.
  • Дар солҳои баъдиҷангӣ дар шаҳр капитанҳо ҳам ангуштшумор буданд. Он солҳо сарварони милисаи ноҳияҳо ҳамагӣ шуда лейтенанти калону капитан буданд, ана дар ҳамон солҳо банда ба унвони халқӣ «полковник» мушарраф шудам. Баъди аз фронт баргаштан мо аслан садри маҳфилу маъракаҳо будем. Солҳои баъдиҷангӣ ҳам ниҳоят солҳои сахт буданд, вале мо ҷанговарони аз фронт баргашта руҳияи ҷавононро бо қиссаҳои аз фронт овардаамон мебардоштем. Ба таври дигар гўем, ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия мекардем. Ба назари шумо магар чунин амал бад аст?
  • Тарбияи ватандўсии насли ҷавон дар ҳама давру замон ба зиммаи калонсолон аст.
  • Бале писарам, маълум, ки гузаштагонат мардони банангу ор буданд.
  • Ман донистан мехостам, ки чӣ тавр шумо рутбаи полковникро гирифтед?
  • Гуфтам-ку, баъди аз фронт баргаштан мо ба маҳфилҳо мерафтем ва боре садри маҷлис бандаро ба ҳозирин бо чунин рутба муаррифӣ карда гуфт, ки тоҷикписар Ҷумъаи Зокир дар фронт соҳиби рутбаи полковник шуд. Он рўз ман ҳатто аз чунин муаррифӣ шарм доштам, вале садри маҷлис бандаро баъди он маҳфил ором, карда гуфт, ки маҳз рутбаи банда таваҷҷуҳи аҳли толорро бедор намудааст. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки чӣ тавр ҷавони бисту сесола соҳиби чунин рутбаи баланд шудааст. Ба ин саволи ҳозирин худи садри маҷлис ҷавоб дод, ки Константин Рокассовский дар чилуҳаштсолагӣ рутбаи генерали артишро соҳиб шуда, Фармондеҳи Фронти Маркази ва Фармондеҳи Паради Ғалаба (24.06.1945)дар шаҳри Москва буд.
пешина
аз 441
навбатӣ