Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ана ҳамин хел писарам душманро то ба худи лонааш бурда мавҳ намудем…
  • Офарин, бобо, - гуфтам ман то таъби муйсафедро каме ҳам болида созам.
  • Хуш акнун бигўед, ки шуморо шамолҳои куҷо паронд?
    Ман расмҳои Сафо Боқиро аз ҷайбам бароварда, ба муйсафед додам ва оҳиста тугмачаи диктофонро пахш намудам. Аслан сабти овози вай чандон муҳим ҳам набуд, вале он баҳри таҳлили суханҳои мўйсафед ва хотираи ӯ шояд лозим мешуд.
    Мӯйсафед расмҳоро як ба як аз назар гузаронида пурсид: - Ин кӣ?
  • Дар ин бора аз шумо пурсиданӣ будам, домулло.
  • Чӣ ин кас (ў бо ангушташ ба тарафи расмҳои аллакай дар пешаш гузошташуда ишорат намуд) ягон ҷиноят содир намуда будааст?
    -Не, ин касро ба ҳалокат расонидаанд.
  • Кӣ?
    -Мо ҳам намедонем, вале гумон мекунем, ки дар ин кор зан даст дорад…
    Мўйсафед боз расмҳоро ба даст гирифта, бо тамошои онҳо ба андеша фурӯ рафт…
    Тайи ин муддате, ки ў саргарми андешаҳои хеш буд, ман афсӯс бар он хӯрдам, ки беҳуда вақти хешро сарф намуда, ба ин ҷо омадам, вале…
  • Ман ин касро дар ҳамин кӯча чандин маротиба ҳамроҳи духтаре дидам, - гуфтани мўйсафед маро яку якбора ҳушёр намуд, ки пурсидам:
    -Чӣ гуфтед?
  • Мегўям, ки ман ин касро чандин маротиба дар ҳамин кӯча ҳамроҳи духтаре дидам.
  • Кай?
    -Аввалҳои моҳи сентябр, ҳа дар аввалҳои моҳи сентябр.
  • Баъдтар чӣ?
  • Не, не, дар моҳи октябр на танҳо ў, балки ҳамон духтарро ҳам дигар надидам.
  • Онҳоро дар кадом вазъият дидед?
  • Ҷавон он духтарро дар мошини хориҷие меовард ва дуртар аз ҳавлии мо мошинро бозмедошт, сипас ҳарду якҷоя чун дилдодагон аз самти дигари роҳ то зери он чанори азим мерафтанд.
пешина
аз 441
навбатӣ