Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Дар зери чанор боз каме таваққуф намуда, ба ҳамдигар чизе мегуфтанд ва духтар ба тарафи кӯҳдоман мерафт, ҷавон бошад, то аз назар пинҳон шудани духтар аз ҳамон таги чинор аз дунболаш бо ҳавас нигоҳ мекард ва сипас пас мегашт. Ман гумон мекунам, ки ҷавон шахси озод набуд.
- Чӣ хел шахси озод набуд?
- Шояд, ў зан дошт ва майнаи он духтари бечораро гаранг карда буд.
- Духтарро намедонед, дар куҷо зиндагӣ мекард?
- Не, вале боварӣ дорам, ки духтарак донишҷў буд ва акнун гумон мекунам, ки ў дар ҳамон кӯҳдоман иҷоранишин буд.
- Чаро буд?
- Чунки духтар дар охири моҳи сентябр аз он маҳаллаи кӯҳдоман ба ягон ҷойи дигар кӯчида рафт.
- Шояд нарафта бошад?
- Агар намерафт, ман ўро медидам.
-Чӣ хел? - Ба шумо писарам маълум бод, ки банда дар армия ёрдамчии командири взводи разведка будам. Гуфтам-ку, рутбаи ҳарбии сержанти хурд дорам ва аз ҳамон вақт ман ба ҳама чиз аҳамият медиҳам. Маро ҳамин фасли сармо мутеъи хеш гардонида, ба хона даровардааст. Дар фасли гармо бошад, қариб ки тамоми рўз банда дар беруни ҳавлӣ болои курсии мулоиме нишаста, ба рафтуои мардум назора мекунам. Ман аз рафтору кирдор ва қадаммонии шахси аз наздам гузашта, шахсияти вайро муайян карда метавонам, медонам кӣ пулдор асту кӣ бо кисаи холӣ ба кӯча баромадааст. Шукри Оллоҳ, таъоло, ки дар ҳамин синну сол ҳам бе айнак кам-кам рўзномаҳоро мутолиа мекунам.
- Ман донистан мехостам, ки ба андешаи шумо ин ҷавоне, ки расмашро дар даст доред ва борҳо ўро ҳамроҳи он зебосанам дидаед, чӣ кора буд?
- Ба фикрам, ў тоҷир буд. Ў аз пеши ман гузашта, дастҳо пеши бар чунон ба сӯям таъзим карда салом медод, ки ҳаваси кас меомад. Ба замми ин, ў паҳлуи он духтар ҳамчун шинос қадам мезад, на чун ошиқ, ҳамин хел суҳбат карда, онҳо паҳлуи ҳам қадам мезаданд, аз ҳамин лиҳоз банда ба хулосае омадам, ки ўро зану фарзандаш ҳаст ва духтарро зани дуюм кардан мехоҳад. Мошинаш ҳам мошини хориҷӣ буд, рангаш сафед, шахси бепул харидани чунин навъи мошинро ҳатто дар хобаш ҳам орзу карда наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор