Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Спасение утопающих, дело рук самих утопающих.9
-Вай бечора аз куҷо медонад, ки милиса ӯро ҷустуҷӯ дорад, аз ҳамин лиҳоз пешниҳод мекунам, ки тариқи ВАО сари ҳодисаи рухдода маълумот диҳед ва ҳамзамон дар ҳамон эълонатон сабт намоед, кӣ тафтишот дар ин ҷода аз Карим ном маллоҳе гумонбар аст. Итминони комил дорам, ки чун ӯ аз эълони шумо бохабар шавад, худаш омада бегуноҳиашро собит менамояд.
-Яъне, ба бегуноҳии вай кафолат медиҳед?
-Ман аллакай андешаҳои хешро дар ин бора иброз намудам, вале мебинам, ки масъулияти касбӣ шуморо ба чунин ҳол расонидааст.
-Ба кадом ҳол?
- То ба касе бовар накунед.
-Чӣ илоҷ, ки мо худ чунин касбро интихоб намудаем, вале гумон насозед, ки дили мо аз санг аст. Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки қилро аз хамир ҷудо намоем, то нафаре, ки пой болои қонун гузоштааст, аз ҷазо нагурезад ва боз бештар аз он мекӯшем, то бегуноҳе муҷозот нашавад.
-Бисёр хуб.
Зулайхо боз ба чанд саволи банда посух гуфт ва баъди имзои нишондодаш мо худоҳофизӣ намудем.
Пурсиши Зулайхо ҳарчанд натиҷаи дилхоҳе надод, вале он тарафҳои мусбӣ ва манфии хешро дошт.
Тарафи мусбиаш ин боз ҳам пурқувват намудани нишондоди хонанда Парвизи Бекмурод бошад, тарафи манфиаш он буд, ки ҷавонзан маллоҳро танҳо бо хусусиятҳои мусбӣ арзёбӣ намуд ва маҳз ҳамин тарафи масъала боиси андеша буд.
Сорбони Ҳомид сари пешниҳоди ҷавонзан дар бораи тариқи ВАО даъват намудани маллоҳро дараҷаи кулминатсионии суҳбати ҳамагӣ чанд лаҳза пеш ба анҷом расида ҳисобид, вале чун худаш мустақилона ин масъаларо ҳал карда наметавонист, тасмим гирифт дар бораи ин пешниҳод аввал бо сардори бахш маслиҳат намуда, сипас аз
Наҷоти шахси ғарқшудаистода ба талошҳои худи ӯ вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё