Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Чунки худам ҳам дирўз фаҳмидам. О, ман дирўз ба худат гуфта будам, ки ба назди духтур меравам ё нагуфта будам?
- Гуфта будӣ?
- Пас чаро шаб напурсидӣ, ки духтур чӣ гуфт?
- Аз ёдам баромадааст.
- Шумо мардҳоро фаҳмидан душвор.
- Назари мардон ҳам нисбати шумо айнан чунин аст.
- Нисбати мо?
- Бале.
57 - Ин сазои ман, ки бо худ дўст медорам туро
- Сазои ту ё аз ҳама занҳо.
- Ба гумон аст, ки дигар мардҳо нисбати нимаи дуюми хеш чунин бепарво бошанд.
- Ҳамаи даву този ман ҳам ба хотири шумост. Ё ҳаминро ҳам намефаҳмӣ?
- Хамаи ин дигар чӣ аҳамият дорад, модоме, ки ман туро чун ҷазо ва сазо аз Офаридгор хостаам…
-Маро чун ҷазо ва сазо ҳеҷ мақоми хешро нафаҳмидам. - Муҳаббатро чун ҷазо ва сазо талбида будам, фаҳмо?
-Кам-кам. - Акнун ки мо омадани меҳмони наверо интизорем, ман ба ту ниёзи бештаре дорам.
- Чӣ хел меҳмон? -худро ба нодонӣ зада гуфтам ман.
- Гўё намедонӣ.
- Чиро?
- Ҳосили заҳматҳои хешро, - гуфт Умеда ва нигоҳашро ба фарш дӯхт.
Аҷиб, ки тайи даҳ соли зиндагии якҷояи Умеда ҳанўз қобилияти пахш кардани ҳаяҷони дилашро наёфта буд ва баъзан рухсораҳои ў аз ҳаё он қадар лолагун мешаванд, ки дар тасвираш банда ҳам гоҳо оҷиз мемонам.
Баҳри аз ин варта берун оварданаш ин даъфа ман ўро рўи дастонам бардошта бурдам ва сипас худ баҳри дастурӯйшӯӣ ба ванна даромадам…
Шилдироси оби аз ҷумча рехтаистода бо мавҷи андешаҳои банда даст ба гиребон шуданд…
57 Сухан аз Ҳилолӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор