Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Шояд яке аз сабабҳои ҳамдигарнофаҳмӣ дар оилаи Сафо Боқин дар фазои хонадонаш танинандоз нагаштани садои тифл буд.
«Шумо медонед, ки худораҳматии Сафо нияти аз ҳамсараш ҷудо шудан дошт», - ба ёд овардам суханони мусоҳиби ношиносамро, ки акнун нозири минтақавӣ бо амри сарвари ШКД ба ҷустуҷӯи вай баромада буд ва мавҷи хотиротамро ҳамин шилдироси об рӯшан намуда.
Ҳарчанд мо дар муаммои марги Сафо Боқӣ дармонда будем, вале дилам гувоҳӣ медод, ки баъди суҳбат бо табиб Раҳмоналии Маҳмуд ҳар кадоме аз он ду тан бор овардани ҳосили хешро аз дигар самт ҷустан хостанд…
-Дада, дадаҷон, мо интизори шумо! - гуфтани Расулро шунида, ба сару рўям чанд панҷа об зада аз ванна берун шудам.
Сари дастурхон мо се тан машғули субҳонахӯрӣ будем, вале аз муждаи аввалине, ки бо барфи сафед ин субҳ вориди хонадони мо гашта буд, танҳо ду тан огоҳ буд…
Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, ин субҳ табъи ман хеле болида буд.
Муждаи аз забони ҳамсар шунидаам бандаро ниҳоят болидаруҳ кард.
Ҳарчанд то таваллуди тифли нав на камтар аз шаш моҳ вақт буд, вале нури наве дили моро ба зиндагии оянда рӯшантар мекард. Ман хостам, ки дар ин бора ҷигарбандамонро низ огоҳ созам, вале Умеда монеъи ин кор шуда гуфт, ки чун рўзу соаташ расад, Расул худаш мефаҳмад.
Соатҳои даҳ ман ба маҳаллаи Зарафшон омадам. Аз роҳ гузашта боз ба самти бозор ҳаракат намудам. Хостам бо холаи Зулфӣ суҳбат намоям, вале ўро боз ҳам наёфтам. Ҳамон духтараки дирӯза бандаро ҳушдор сохт, ки холаи Зулфӣ ин субҳ ҳам ба кор набаромадааст.
Чун табъам болида буд, ба духтар арзи сипос намуда, ба самти шарқии маҳалла роҳ пеш гирифтам.
- Амакӣ, амакӣ! - гуфтани касе бандаро маҷбур сохт, ки лаҳзае таваққуф намуда, ба сўи овоз нигарам.
Дар рў ба рўи ман писарбачае, ки ба ҷуз чашмонаш дигар қисми сару руяш маҳкам печонида шуда буд, меистод. Аз чӣ бошад, ки ў дастпӯшаки дасти росташро бароварда, баҳри вохўрӣ бо ман даст дароз карда пурсид: - Амакӣ, маро нашинохтед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор