Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Не, холаи Нигова ба очам гуфтааст, ки …
  • Гуфтааст, ки чӣ?
  • Ў ҳам довад.
  • Хуш чӣ кор мекунем?
  • Ба хонаи мо мевавем.
  • Ту дар кадом ошёна зиндагонӣ дорӣ?
  • Дав ошёнаи дуюм.
  • Рафту агар имконият шуд, ман худам меоям, зид нестӣ?
  • Не?
  • Ҳоло холаи Нигораат дар хонааш?
    -Намедонам.
  • Хайр то боздид!-гўён ман дастамро барои худоҳофизӣ ба сўи дӯсти хурдсолам дароз намудам.
  • То боздид! - гўён ў низ дасташро ба дастам дод ва сипас мо ҳар кадоме ба роҳи хеш рафтем, ман ба самти шарқ ва Абдумаҷид ба ҳамон самте, ки омада буд…
    «Макун бо кӯдаку бо ганда бозӣ». Аҷиб ки акнун ин нидо дунболгири ман гашта буд.
    Абдумаҷид ҳарчанд бачаи хурдсол буд, ҳарчанд то кунун мактабхон набуд, вале мавҷи тахайюлоташ ниҳоят васеъ буд.
    Пас чаро ман ба суханони гуфтаи вай бетафовут бошам, барои он ки кўдак аст?
    Абдумаҷид акнун ҳарду пораи қалби маро дар сангарҳое ба муқобили ҳамдигар шинонида буд.
    Боронии чармини сиёҳ тайи се ҳафтаи охир мавриди муҳокима ва ҷустуҷӯҳои мо қарор дошт. Дар ин самт ба ҷуз нишондоди чанд тан аз сокинони бино мо хабари оперативӣ ҳам доштем, ки онро дар асоси дархости мо ШКД-и ноҳияи Сино фиристода буд. Дар номаи оперативӣ, ки бо навиштаӣ “махфӣ” ба суроғаи мо ирсол шуд буд, ба таври возеҳу равшан гуфта шуда буд, ки Бонози Давронро касе боре ҳам бо боронии чармини сиёҳ надидааст ва аз рўи иттилои гирифтаамон ўро ҳеҷ гоҳе ҳамчунин боронӣ набудӣ.
  • Гапи ростро аз бача шунав…
    Рафту дар ҳақиқат ҳақ ба ҷониби Абдумаҷид бошад-чӣ?
    «Макун бо кӯдаку...
    Худоё чаро ин қалби ман…
    Андеша намо!»
    Хабарҳои гирифтаи хеш ва суханони дӯсти хурдсоламро болои мизони вақт гузоштам.
пешина
аз 441
навбатӣ